Пайвандҳои дастрасӣ

Мактаби куҳна дар Восеъ



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Мудиру муаллими ҳисобу забону адабиёт ва тарбияи ҷисмонӣ дар ин мактаб як нафар аст.

Дар деҳаи Ибрати Хоҷа Мастони ноҳияи Восеъ нахустин мактаби ибтидоӣ ба забони тоҷикӣ боз гардид. Тули 70 соли мавбо забони худро дарёфтанд.

Ҷумъахон 18 сол дорад, аммо дар синфи се мехонад. У мегуяд, ки барои нахустин бор аз руи варақи китоб ба истилоҳ ҳарфҷанг андохта, як шеър аз бар кардааст ва онро бо камоли майл ба мо мехонад: " Миҷгонаҷон Миҷгона, Хоҳари ҷон Миҷгона. Миҷгона дар боғ буд, зулфаш пари зоғ буд..."

Шояд барои дигарон аз бар кардани як таронаи кудакона кори саҳл аст. Вале барои бошандагони аз 7 то 70 солаи деҳаи Ибрати Хоҷамастони Восеъ, ки аксарият савод надоранд, шеъри "Миҷгона"-ро аз китоби "Алифбо"-и тоҷикӣ аз бар кардани ҳамдеҳаашон боиси ифтихор аст.

Холаи Ҷумъагул мегуяд, ҳамакнун имкон ёфт, кудакони худро соҳиби хатти савод кунад: "То ташкил шудани ин мактаб доимо дар хиҷолат будам, ки фарзандҳои ман болиғ мешаванду хатту савод надоранд. Ҳозир, ҳазор раҳмат ба муаллим, ки се фарзанди ман номи худро навишта метавонанд."

Мактаби ибтидоӣ рақаму нишонӣ надорад. Усулан ин мадрасаро мактаб гуфтан ҳам, ба истилоҳ иғроқ мебуд. Мактаб дар як ҳуҷраи гилини бинои нимасохти хонаи як марди деҳотӣ воқеъ аст. Ташаббускори ифтитоҳи мактаби ибтидоӣ ба забони тоҷикӣ Намоз Худоёров мегуяд: "Хотири ду фарзандам, ки дар оянда бесавод намонанд ва соҳиби як вазифа, як пора нон шаванд, ман ҳамин мактабро боз кардам."

Дар як ҳуҷра, ки нақши мактабро мебозад, хонандагони ҳамаи мактаб аз синфи 1 то 3 менишинанд. Толибилмин аз 7-сола то 18-солаанд. Ҷумъахони 18-сола паҳлуи Абдулло мешинад, ки 17 сол дорад. Онҳо хонандаи синфи сеянд. Абдулло мегуяд, ҳарчанд касби савод ҷои шарм нест, аммо аз ҳампаҳлуии ҳамсинфони 8-солаашон шарм медоранд.

Ҷои миз тахтаи паҳни дарозиаш 6 метра мавқеъ дорад, ки руи хишт устувор аст. Нақши курсиро хиштҳои гилин мебозанд, ки барои эъмори бинои шафат рехтаанд. Тахтаи синф воқеан як тахтаи оддии сохтмонист. Ва ҳини руяш навиштан ин тахта меафтад.

Сарпараст, директор, муаллими улуми риёзӣ, забон, адабиёт, тарбияи ҷисмонӣ дар мактаб як нафар Намоз Худоёров аст. Давомоти дарс барои се синф, ки ҳомили 15 толибилм аст, 35 дақиқа мебошад.

Кудакон варзиш ҳам мекунанд. Дар руи сабзаи назди ҳавлӣ. Дар мактаб нақшаи замонавии вазорати маориф роиҷ аст. Вазорате, ки ба ин мадраса як тин ҳам кумак накардааст.

Ва аммо бо вуҷуд ин мактаб нахустин мадраса барои тоҷикон ба забони модарист. Якуним километр дуртар аз мактаби худруйи тоҷикӣ мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 40 ба забони узбакӣ фаъол аст. Дар ин мактаби замонавӣ 360 толибилм дар се бахш таҳсил доранд. Аммо мударрисин мегуянд, ифтитоҳи синфхонаҳои тоҷикӣ дар ин мактаб имкон надорад.

Як муаллими ин мактаб мегуяд: "Мо имконият надорем, ки синфи тоҷикӣ боз кунем. Ана худатон бинед, ҳавлӣ танг аст. Синфҳо намерасанд."

Дар мактаби мазбур тоҷикон ҳам мехонанд, аммо ба забони узбакӣ. Аммо дар суҳбат бо бархе аз шогирдон муайян гардид, ки онҳо то ҳол забони узбакиро намедонанд. Хусрав, ки дар синфи 5 мехонад, мегуяд: "Ман мефаҳмам дарси муаллимро, аммо ба забони узбакӣ гап зада наметавонам."

Абдулкарим тоҷик аст. У 18 сол дорад. Абдулкарим мегуяд, узбакиро намедонад ва ба мактаб нарафтааст. У хатти савод надорад. Амсоли Абдулкарим дар деҳаи Ибрат даҳҳо нафаранд, ки ба мактаб нарафтаанд. Ҷавонон мегуянд, танҳо ба хотири набуди синфхонаҳои тоҷикӣ аз хондан даст бардоштаанд.

Намоз Худоёров мегуяд, ба шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ барои дастгирии молии мактаби худсохташ муроҷеъ шудааст. Аммо бе натиҷа.

Мактаби бе арқому бе нишонии тоҷикӣ барои се сол аст. Кудакон пас аз хатми ин мадраса дигар савод мегиранд ё на, маълум нест. Аммо хатмултаҳсилини синфи саввуми мактаб Ҷумъахону Абдуллои болиғ мегуянд, ҳамин тобистон онҳоро ба сарбозӣ мегиранд. Ва онҳо шоданд, ки дар муқоиса бо садҳо тан аз ҷавонони бесаводи деҳа акнун имкон доранд, ки ба хонаводаи худ аз аскарӣ мактуб нависанд.

XS
SM
MD
LG