Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарма боз роҳҳои Бадахшонро баст



Мирзои Салимпур



Бино ба хабарҳо, гарм шудани ҳаво дар куҳистони Бадахшон субҳи сешанбе, 9 март мунҷар ба кучиши нави тарма дар минтақаи Калоти ин вилоят шудааст. Мақомоти вазорати умури изтирории Тоҷикистон мегуянд, то ҳол роҷеъ ба хисороти моливу ҷоние дар натиҷаи ин офати табиӣ ягон гузориш ба дасти онҳо нарасидааст.

Оҷонсии "Итар Тасс" навишт, дар пайи фуромадани тарма роҳ ба суи ноҳияи Ишкошим дубора баста шуд. Хабаргузории "Азия Плюс" аз қатъи ҳаракати нақлиёт дар масири байни маркази вилоят шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рушон хабар додааст. Дар моҳи январи имсол кучиши тарма дар вилояти Бадахшон дасти кам 8 нафарро кушта барҷой гузошта буд.

XS
SM
MD
LG