Пайвандҳои дастрасӣ

Машқҳои низомиёни тоҷику рус шуруъ шуд



Мирзои Салимпур



Нируҳои низомии Тоҷикистону Русия рузи сешанбе, 9 март дар атрофи пойтахт шаҳри Душанбе ва дар ҷануби ин кишвар ба машқҳои муштараки панҷруза шуруъ кардаанд. Тамрини наҳваи муқобила бо як гуруҳи шартии террористӣ, ки аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон ҳамла овардааст, ҳадафи аслии ин машқҳои муштараки низомӣ номида мешавад.

Ношири ин хабар, оҷонсии "Итар-Тасс" навишт, ин тамринҳо бо ширкати нируҳои дивизияи 201-уми артиши Русия, мустақар дар Тоҷикистон, бригадаи 5-уми тирандози вазорати дифоъи Тоҷикистон ва гуруҳи марзбонони рус, мустақар дар минтақаи марзии Панҷ дар се марҳала то рузи 13 март идома хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG