Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Ёқуб Салимов расман айб эълон карданд



Абдуқайюми Қайюмзод



Додситонии кулли Тоҷикистон иттиҳомоти қаблӣ дар қиболи Ёқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилаи ин кишварро расман эълон кардааст. Бобоҷон Бобохонов - додситони кулли кишвар ва роҳбари гуруҳи тафтишотии парвандаи ҷиноии Ёқуб Салимов дар ин бора ба Радиои Озодӣ чунин гуфт: "Дар назди қонун ҷавоб мегуяд, он қадар фигурае нест, ки мардум ба вай тавваҷуҳ нишон дода истода бошад. Гапи пешакӣ ба фикрам даркор нест."

Дар ҳамин ҳол Баҳодур Ҳомидов - сардори раёсати додситонии кулли кишвар ва узви гуруҳи тафтишотии парвандаи ҷиноии Ёқуб Салимов низ мегуяд, тибқи муқаррароти мавҷуда иттиҳомоти қаблӣ алайҳи Ёқуб Салимов эълон шудааст. Аммо у дар айни ҳол аз мавориди хоси иттиҳомот худдорӣ кард: "Ҳар ҳаракати тафтишотие, ки мегузаронем бо иштироки ҳимоячиён гузаронида истодаем, аз он ҷумла айб ҳам эълон кардем, бо иштироки ҳимоячиҳо. Айби мо эълон кардагӣ айби пешакӣ аст."

Ҷаноби Ҳомидов ҳамзамон таъкид кард, ки ба ду далел яке барои ошкор накардани сирри тафтишот ва дуввум ба хотири амнияти шахсии Ёқуб Салимов наметавонад, дар иртибот ба айбҳои эълоншуда муқобили вай тафсилоти бештар бидиҳад.

Гуфтанист Ёқуб Салимовро тибқи Қонуни ҷиноии Тоҷикистон қаблан барои хиёнат ба ватан, кушиши табаддулоти давлатӣ, бандитизм ва куштор айб эълон шуда буд. Ва феълан аз гуфтаи муфаттишон ва вакили мудофиаи у, маълум мешавад, ки иттиҳомоти ғайбаш эълоншуда ба қувваи худ боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG