Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба вазорати дифоъ кумак мерасонад



Раҳматкарими Давлат



Муаррифии барномаи ҷилавгирӣ аз бемории СПИД ва дигар маризиҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда, дар миёни сарбозони артиши Тоҷикистон бо ширкати Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон ва Ричард Ҳоугленд, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе баргузор шуд. Ин барнома дар воҳидҳои марбут ба вазорати дифои Тоҷикистон бо кумаки ИМА зарфи шаш моҳи оянда бояд амалӣ шавад.

Шералӣ Хайруллоев вазири дифои Тоҷикистон зимни ин маросим гуфт: "Ман бисёр хушҳол ҳастам, ки имруз вазорати дифои Тоҷикистон бо ҳамдастии вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида ба иҷрои барномаи муштараки огоҳсози сарбозон аз хатароти бемории СПИД оғоз мекунад. Ин амр дар омодасози мутахасисони тиббии марбут ба вазорати дифои низ мусоидат хоҳад кард." Вазири дифои Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки кумакҳои Иёлоти Муттаҳида дар оянда низ дар ин замина идома хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол Ричард Ҳоугленд, сафири Иёлоти Муттаҳида низ гуфт: "Мо умедворем, ки иҷрои ин барнома на фақат ба нафъи сарбозон ва афсарони артиши Тоҷикистон, балки ба нафъи аъзои хонаводаи онҳо низ хоҳад буд. Ин як масъалаи бисёр мушкил аст, вале умедворем бо мусоидат ва роҳбарии ҳукумат ва вазорати дифоъ битавонем, ки алайҳи он ба таври пурсамар ва фаъол мубориза кунем."

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Суфишоев Ғарибшо, сарпизишки дармонгоҳи марказии вазорати дифоъи Тоҷикистон, то кунун мавриди гирифтории сарбозон ва афсарон ба ин беморӣ маълум нашудааст, балки дар вазорати дифоъ имкони ташхиси ин беморӣ то кунун вуҷуд надорад. Интизор меравад, тибқи ҳамин барнома, то моҳи сентябри соли равон тамоми сарбозон ва афсарон аз ташхиси тиббӣ гузаранд ва инчунин озмоишгоҳҳои махсуси ташхиси ин беморӣ дар вазорати дифоъ ташкил шуда ва мутахасисони ин соҳа омузиш дода шаванд. Инчунин тибқи ҳамин барнома бунёди нуфузи СММ ба ихтиёри вазорати дифои Тоҷикистон 200 ҳазор адад рифола ва ё прзерватив қарор додааст.

XS
SM
MD
LG