Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши зан дар ҷомеаи Тоҷикистон



Абдуқайюми Қаюймзод

Шоира Гулрухсор мегуяд, миллати тоҷик ноумед нашудааст ва ҳатман занҳоеро ба гунаи пешвоёни харизматик ба майдон хоҳад овард.

Тибқи охирин саршумории нуфус дар Тоҷикистон, ки соли 2000-ум доир гардид, шумораи занҳо назар ба мардон дар ин кишвар се дарсад бештар афзоиш доштааст. Вале ба назари ҷомеашиносон, новобаста бо ин теъдоди бузурги нуфус занҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон натавонистаанд, ҷойгоҳ ва мақоми муассиреро ба худ ихтисос бидиҳанд.

Ҷумъахон Саидалӣ, устоди риштаи равобити байналмилалии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, ба сифати пешво ва ё лидер зуҳур наёфтани зани тоҷикро дар ҷомеа дар ин чанд соли ахир натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ медонад. Саидалӣ мегуяд, замоне дар саҳнаи сиёсат фармондеҳон нуфуз пайдо карданд ва ин раванд то ҳоли ҳозир, яъне пас аз Созишномаи умумии сулҳ низ идома дорад табиист, ки барои зан ҷойгоҳе боқӣ намемонад: "Ҷанги шаҳрвандӣ барои зани тоҷик монеае шуд, то натавонад, ба саҳнаи сиёсӣ барояд, яъне чун як чеҳраи сиёсӣ шавад. Ва ин тарсе ба вуҷуд меовард, ки масалан ин барои зан вазнин аст. Ба фикри ман дар 20 соли ахир аз зани тоҷик ҳамчун як чеҳраи сиёсӣ гумон аст, ки барояд."

Гулрухсор Сафиева - раиси Пажуҳишгоҳи фарҳангистони шеъри ҷаҳон ва яке занҳои маъруфи тоҷик мегуяд, дар ҳеҷ кадом гушаи дунё ва ё дар ҳеҷ қавонине махсус барои зан ҳақ ва ё мақоми алоҳида дода нашудааст. Вале меафзояд хонум Гулрухсор, чӣ дар даврони шуравӣ ва чӣ дар даврони касби истиқлолият дар Тоҷикистон занҳои ба истилоҳ "лидер" усулан аз суи зимомдорон муайян мешуданд: "Занҳое ҳастанд, ки дар ҳамон минбарҳои мо даҳсола-бистсола боз нишастаанд, дар парлумон шиштаанд, дар ҳукумат шиштаанд, ҳеҷ кор аз дасташон намеояд. Аммо мардум шарм медоранд, ки онҳоро бигуянд, ки биравед аз ин ҷо ва онҳо чунон одат кардаанд, ки агар набошанд, боз куҷо шуданд, гуён мекобандшон. Барои ҳамин агар дар Тоҷикистон зане бошад, ки биёяд ва бидонад, ки миллат, миллате, ки таърихи ҳафт ҳазорсола дорад, ба ин ҳолати бечорагӣ афтодааст ва аз ин ҳолати бечорагӣ чӣ гуна мешуд онро берун кард, ҳамин хел зан агар бошад, тоҷикҳо барояш 110 фисад овоз медиҳанд, на танҳо 100 фоиз."

Хонум Гулрухсор ҳамчунин афзуд, ки ҳарчанд аз лиҳози ҳуқуқӣ барои фаъолияти як зан дар ҷомеа имруз мушкилот вуҷуд надорад, аммо амалан зан ба он ки танҳо гирифтор ба рузгори хонавода аст, наметавонад, дар бораи коре дигар вақт дошта бошад.

Гулҷаҳон Бобосодиқова - раиси созмони ғайридавлатии мавсум ба "Занони соҳиби таҳсилоти олӣ", ки дар замони шуравии пешин аз роҳбарони масъули Тоҷикистон буд, низ мегуяд, қавонини кишвар барои рушди як зан дар ҷомеа ҳама имконот ва шароитро фароҳам сохтааст. Аммо худи занҳо ҳастанд, ки барои ворид шудан ба саҳна камтар майл нишон медиҳанд: "Он чизе, ки мо то имруз ба даст овардем, нишон медиҳад, ки ин албатта чизи бисёр душвор аст. Албатта имруз занҳое ҳастанд, ки дар арсаи сиёсат ширкат доранд ва ин як мактаби бузург аст, ки аз зинаи поён то боло таҷрибаомузӣ карда ва аз ҳаёт бохабар шуда, ба зинаҳои болотар баромада, дар парлумон, дар Маҷлиси Миллии Маҷлиси Намояндагон онҳо иштирок кунанд."

Аммо ба ҳар сурат, ба ибораи шоира Гулрухсор ин миллат қобилияти тавлиди фикр ва умеди бунёди ҷомеаи маданиро аз даст надодааст ва ҳатман тафаккури ин мардум боз ҳам занҳоеро ба гунаи пешвоёни харизматик ба майдон хоҳад овард, ки мисли худи у як кишвари паҳноваре ҳарфи забонашро гуш медод.

XS
SM
MD
LG