Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инкори адолати додгоҳӣ



Мирзои Салимпур

Бахши гузориши солонаи Департаменти Давлатии Амрико дар бораи вазъи додгоҳҳои Тоҷикистон

Департаменти давлатии Амрико бахши гузориши солонааш дар бораи вазъи додгоҳҳои Тоҷикистонро "Инкори адолати додгоҳӣ" унвон кардааст. Гузориш мегуяд, ҳарчанд Қонуни Асосии Тоҷикистон мустақилияти додгоҳҳоро замонат медиҳад, вале дар амал низоми додгоҳӣ таҳти таъсири мақомоти иҷроия ва гуруҳҳои ҷиноӣ қарор дорад.

Ба гузориши департаменти давлатӣ, бо вуҷуди беҳтар шудани вазъи тартиботи ҷамъиятӣ, маъсунияти гуруҳҳои мусаллаҳ аз таъқиби додгоҳӣ боқӣ монда, чунин ҳол мунҷар ба идомаи таназзули низоми додгоҳии Тоҷикистон шудааст ва ришвахорӣ барои мақомоти додгоҳ ҳамоно як ҳодисаи маъмулист.

Аммо Ҷумъа Давлатов, мудири шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегуяд, бо ин иддаои департаменти давлатии Амрико мувофиқ нест: "Дар аксари давлатҳо низоми тафтишот зери дасти мақомоти иҷроия аст. Дар аксарияти давлатҳо! Аммо онҳо мегуянд, низоми тафтишоти мо таҳти тасаллути мақомоти иҷроия қарор дорад. Қарори суди ноҳиявиро ҳатто президенти Тоҷикистон бекор карда наметавонад, вай сад фоиз мустақил аст."

Ба фарқ аз у, хабарнигори тоҷик Хуршеди Атовуллоҳ адами мустақилияти додгоҳҳои Тоҷикистонро таъйид мекунад: "Албатта, мувофиқи Конститутсия ва мувофиқи он қонунгузорие, ки мо дорем, гуиё додгоҳҳои мо мустақиланд, вале дар асл чунин нест. Мустақил нестанд! Мустақил нестанд ва ман фикр мекунам, ки онҳо зери нуфузи воқеъият, аниқтараш зери таъсир ва тибқи хостаҳои ҳукумат амал мекунанд."

Департаменти давлатӣ дар ин бахши гузоришаш ба мавриди муҳокимаи парвандаи муовини раиси Ҳизби Наҳзати Ислом Шамсуддин Шамсуддинов низ пардохта, менависад, ки у дар як додгоҳи комилан пушида маҳкум шуд.

Гузориш нақши додгоҳ ва мизони дахолати адвокат дар ҷараёни боздошт ва тафтиши парвандаи муттаҳамонро хеле заъиф хонда, мегуяд, бисёри боздоштшудагон дар мароҳили аввали тафтишот аз хидмати вакили мудофеъ бархурдор нестанд ва ин дар ҳолест, ки чунин ҳаққро барои онҳо қонунгузории Тоҷикистон тазмин додааст.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик: "Дар мо назорат аз болои судҳо ҳаст аз тарафи прокуратура, ба ғайр аз ин ҳамон психологияе, ки прокуратура ҳама чизро ҳал мекард, то ҳол боқӣ мондааст. Агар шумо дар мурофиа бошед, судҳо ин қадар прокурорро бодиққат гуш мекунанд, ки адвокатро гуш ҳам намекунанд. Яъне дар бисёр мавридҳо ҳамон чизе, ки прокуратура мегуяд, судҳо ҳамон хел ҳал мекунад. Яъне то ҳозир мустақилияти судҳоро мо надида истодаем. Ҳокимияти судӣ бояд тақдири одамро ҳал кунад, на ин ки прокуратура. Мо мебинем, ки баъзан прокуратура санксия медиҳад, солҳо одамҳо дар ҳабсанд, яъне ки вақте одам як сол дар ҳабс мешинад, ин аллакай ҳалномаи уст."

Ба ақидаи департаменти давлатӣ, бахши аъзами масъулияти анҷоми тафтишот боз ҳам бар души мақомоти додситонист, ки барои исботи гуноҳи муттаҳамон назар ба далоили шайъӣ ба ҳарфи иқрори онҳо бештар такя мекунанд. Гузориш бо ишора ба ҳодисаи дар боздоштгоҳ ҳалок шудани як узви Ҳизб-ут-Таҳрир мегуяд, мақомот дар қиболи дастгиршудагон ва маҳбусон то ҳануз аз усули норавои шиканҷаву латукуб ба таври фаровон истифода мекунанд.

Аммо Суҳроб Ҳидоятов, намояндаи идораи маҳбасҳои Тоҷикистон ин иддаоро радд мекунад: "Вай аз Ҳизби Таҳрир аст ва ё ғоратгар аст, барои мо фарқ надорад. Аз даруни маҳбас ягон кас шикояти шиканҷа додану ягон чиз надоранд, барои он ки мо прокурори назоратӣ дорем, дар ин ҷо, як шуъбаи калон аст дар прокуратураи ҷумҳурӣ ва прокуратураи дигар аст, ки ҳар ҳафтае ду бор - се бор намояндагони онҳо маҳбасҳоро омада мебинанд."

Департаменти давлатӣ аз барҷой мондани мавридҳои таъқиби ҷиноӣ бо аҳдофи сиёсӣ дар Тоҷикистон низ хабар дода, аз ҷумла менависад, ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ бар зидди раиси собиқи ширкати газ ва раҳбари Ҳизби Демократи Тоҷикистан Муҳаммадрузӣ Искандаров боис шуд, ки у дар пайи барканориаш аз мақом чанд муддат дар водии Рашт паноҳ барад. Аммо мегуяд ин гузориш, ба маҳзи адами шаффофият ва камбуди маълумот дар бораи давраҳои аввали тафтишот, теъдоди аслии маҳбусони сиёсӣ дар ин кишвар маълум нест.

Гузориш аз мизони беш аз ҳадди дахолати мақомот ба зиндагии хусусии мардум ҳам ҳарф зада мегуяд, мавридҳои кофтукоби манзили муттаҳамон бидуни дастури додситон ва ҳатто таҳдиди ба ҳабс кашидани аҳли хонаводаи афроди мазнун низ дар ин як соли гузашта дар Тоҷикистон ҷой доштааст.

XS
SM
MD
LG