Пайвандҳои дастрасӣ

Президент ба телевизиони давлатӣ кумак кард



Раҳматкарими Давлат



Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои тақвияти пахши барномаҳои Телевизиони Тоҷикистон дар панҷ ноҳияи водии Рашт 250 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби хазинаи вижаи худ ихтисос додааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамзамон ба вазорати мухобироти кишвар дастур додааст, ҷиҳати анҷоми ин кор ҳамчунин 250 ҳазор сомонии дигар аз ҳисоби захираҳои дохилӣ ҷудо намояд ва то поёни соли равони мелодӣ дарёфти мавҷи телевизиони миллии Тоҷикистонро дар соири навоҳии шарқӣ минҷумла Ҷиргатол, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Тавилдара таъмин кунад.

Гуфтанист дастрасии сокинони саросари Тоҷикистон ба мавҷи барномаҳои телевизони марказии кишвар яке аз мушкилоти умдаи Тоҷикистон аст, ки то кунун ҳалли худро пайдо накардааст. Мавҷи телевизони марказии Тоҷикистон танҳо дар пойтахт, атрофи он ва марказҳои вилоёт ва чанд шаҳри муҳими кишвар қобили дарёфт аст. Хусусан сокинони манотиқи куҳистонӣ имкони дидани барномаҳои телевизони Тоҷикистонро надоранд. Бо далели ин халои иттилоотӣ, хусусан дар навоҳии шимоли Тоҷикистон, мардум бештар ба дидани барномаҳои телевизионҳои Узбакистон одат кардаанд. Дар навоҳии шарқӣ ва ҷанубии Тоҷикистон бошад, дар ҷое, ки Телевизиони Тоҷикистон ва Узбакистон дастрас нест, бештар барномаҳои телевизионҳои Русия нуфуз дорад.

Ахиран дар вилояти Бадахшон ва гарданаи Фахробод низ як чунин фиристандаи телевизионӣ насб шуд, ки ба беҳтар шудани кайфияти тамошои барномаҳои телевизион мусоидат хоҳанд кард, вале ба назари мутахассисон дар шароити куҳистон насби ин гуна фиристандаҳо мушкили мазкурро ҳал нахоҳад кард. Ва бино бар куҳистонӣ будани минтақа бо насби ин фиристандаҳо танҳо марокизи навоҳӣ метавонанд, телевизони марказиро бубинанд. Яъне то телевизони Тоҷикистон аз тариқи моҳвора нашр нашавад, дидани он дар саросари деҳоти кишвар як амри ғайри имкон аст.

XS
SM
MD
LG