Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия пешниҳодҳои Тоҷикистонро баррасӣ мекунад



Абдуқайюми Қайюмзод

Мақомоти Душанбе мегуянд, шартҳои гузоштаашон барои таъсиси пойгоҳи Русия дар қаламрави Тоҷикистон қобили иҷро ҳастанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегуянд, дар музокирот ҷиҳати таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави ин кишвар Тоҷикистон кадом як шарти ғайриқобилииҷро гузошта нашудааст.

Рамил Нодиров, сардори ситоди кулли вазорати дифоъ ва роҳбари ҳайъати музокироти Тоҷикистон рузи панҷуми март дар як суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ бо ишора ба хабари "Итар-Тасс", ки мегуфт, вазорати дифои Тоҷикистон бар ивази таъсиси пойгоҳи низомии Русия бахшиши 300 миллион доллари қарзашро пешшарт гузоштааст, гуфт, ин масъала дар ҷараёни чаҳор музокироти гуруҳҳои кории ҳарду кишвар баррасӣ нашудааст. Оқои Нодиров афзуд, баррасии масъалаи қарзҳои Тоҷикистон дар салоҳияти гуруҳҳои кории низомиёни ҳарду кишвар набуда, он дар сатҳи ҳукуматҳо ҳал хоҳад шуд. Вале ҳамзамон оқои Нодиров гуфт, ки дар ҳоли ҳозир танҳо бархе аз ҷузъиёти созишнома миёни ҷонибҳо ҳалношуда боқӣ мондааст.

Рамил Нодиров гуфт: "Мутаассифона гуруҳи кории вазорати дифои Русия дар музокироти тарафҳо дар моҳи феврали соли равон ба пешниҳодоти ҷониби Тоҷикистон усулан изҳори ризоият карда бошад ҳам, вале ба ин далел, ки ҳаллу фасли ин пешниҳодот дар салоҳияти онҳо набуд, тавофуқоти ниҳоӣ дар ин робита ҳосил нашуд. Ва дар ҳоли ҳозир гуруҳи кории Русия пешниҳодоти Тоҷикистонро дар сатҳи ҳукуматаш баррасӣ дорад."

Рамил Нодиров - роҳбари гуруҳи музокироти Тоҷикистон аз тавзеҳи ҷузъиёти пешниҳодҳои вазорати дифоъ худдорӣ кард. Аммо коршиносони тоҷик бар ин назаранд иллати аслии таъхир дар амри таъсиси пойгоҳи низомии Русия, ки панҷ сол муқаддам созишномаи байнидавлатӣ миёни ҳарду кишвар дар ин робита ба имзо расида буд, ҳамоно масъалаи бахшиши қарзҳо мебошад.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Пажуҳишгоҳи стратегии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон муътақидаст, тақозои мақомоти Тоҷикистон бар ивази ташкили пойгоҳи низоми Русия дар қаламрави ин кишвар як шарти бамаврид ва саривақтист. Зеро афзуд оқои Сафаров, Русия бо истифода аз ҳамин қарзҳо тайи даҳ соли ахир борҳо болои Тоҷикистон фишор овардааст: "Агар Тоҷикистон чунин тақозое аз Русия карда бошад, ба ин ҳақ дорад, зеро ҳифзи манфиатҳои миллии мо зарур аст ва сиёсати хориҷии фаъоли кишвар пиёда гардад, то ҳоло бештар дар нисбати Русия дар сиёсати мо ғайрифаъол буд ва мо кушиш мекардем, ки тамоми масоиле, ки дар байни мо ҳаст, ҳамааш ба фоидаи як тараф ҳал шавад. Вале сиёсати байналмилалӣ чунин талаб мекунад, ки ҳар ду тараф манфиатҳои худро бояд ҳифз намоянд ва шарт пешниҳод кунанд."

Ин нуктаро Қосимшо Искандаров, мудири Пажуҳишгоҳи низоъшиносии Тоҷикистон низ пуштибонӣ кард. Оқои Искандаров бо истинод ба қавли сафири Русия дар Тоҷикистон Максим Пешков гуфт, Тоҷикистон барои пойгоҳи низомӣ аз Русия ҳақи кироя талаб намекунад. Оқои Искандаров афзуд дар сурате, ки Русия барои истифода аз пойгоҳи кайҳониаш дар Байконур ба ҳукумати Қазоқистон маблағи бузургеро пардохт мекунад, Тоҷикистон низ бар ивази ташкили пойгоҳи низомӣ метавонад, талаби бахшиши қарзҳояшро бикунад.

Аммо Рамил Нодиров, сардори ситоди кулли вазорати дифои Тоҷикистон ва роҳбари гуруҳи музокироти Тоҷикистон хабари "Итар Тасс"-ро, ки гуё Тоҷикистон барои пас бурдани 5 ҳавопаймои ҷангии навъи СУ-25 иҷоза надодааст, комилан беасос ва як дуруғи маҳз хонд.

Ба назари коршиносони тоҷик, ҳоло Русия дар вазъияте қарор дорад, ки дигар наметавонад, тақозо ва ё шартҳои Тоҷикистонро сарфи назар кунад. Зеро мегуянд ин коршиносон, тағйирот дар авзои ҷаҳон ва минтақа пас аз ҳаводиси Афғонистон дар соли 2001, ки боиси вуруди неруҳои Амрико ва кишварҳои узви Паймони Атлантики шимолӣ - НАТО ба Афғонистон ва ҷамоҳири Осиёи Марказӣ гардид, равобити Русия бо ин кишварҳоро таҳти таъсир гузоштааст.

XS
SM
MD
LG