Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруҳи қочоқбари инсон дастгир шуд



Тоҳири Сафар



Кормандони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон 17 нафарро бо иттиҳоми қочоқи инсон боздошт карданд. Хабаргузории "Интерфакс" бо такя ба гуфтаи як манбаъ дар вазорати мазкур навиштааст, иттилоъ дар бораи гуруҳи мазкур аз ду духтари тоҷик ба даст омадааст, ки дар Имороти Муттаҳидаи Араб танфурушӣ мекарданд ва аз он ҷо ронда шуданд.

Дар пайи таҳқиқи маълумот, маъмурони интизомӣ 17 нафарро боздошт карданд, ки бо роҳи фиреб духтаронро барои танфурушӣ ба мамолики хориҷа мебурданд. Бино ба иттилоъи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, феълан дар Имороти Муттаҳидаи Араб 80 духтари тоҷик ба танфурушӣ машғул аст.

XS
SM
MD
LG