Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав бархе аз шартҳои Душанберо мепазирад



Тоҳири Сафар



Русия омода аст, баъзе шартҳои Тоҷикистонро дар робита ба таъсиси пойгоҳи низомиаш дар ин кишвар бипазирад. Аммо бо талаби ҳукумати Тоҷикистон, ки мехоҳад, назорати комили сохтору ҳайъати ин пойгоҳро дар даст дошта бошад, розӣ шуда наметавонад. Дар ин сурат гуфтааст, намояндаи вазорати дифоъи Русия ба хабаргузории "Итар Тасс", ба пойгоҳи ҳарбии Русия на низомиёни рус, балки ҳукумати Тоҷикистон фармондеҳӣ мекунад.

Манбаъи "Итар Тасс" ҳамчунин гуфтааст, Маскав метавонад, як шарти мақомоти Душанберо иҷро кунад ва аз баҳри қарзи сесадмиллиондоллариаш қисман ва ё умуман гузарад, зеро бе ин ҳам Тоҷикистон қудрати бозгардонидани ин қарзро ба Русия надорад ва умедаш ба кумаки молии Амрико иҷронашаванда мебошад.

"Итар Тасс" навиштааст, намояндаи вазорати дифоъи Русия, изҳори таассуф мекунад, ки Тоҷикистон дар масъалаи музокироти пойгоҳ чандон майл нишон намедиҳад, вале ин масъала бояд дар ниҳояти кор ҳал шавад. Хабаргузории "Итар Тасс" рузи панҷшанбе ҳамчунин гуфта буд, ки музокирот оид ба табдили фирқаи 201-ум ба пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба бунбаст ворид шудааст. Аммо вазорати дифоъи Русия, бо нашрия як баёния дар хабаргузории "Интерфакс" рузи 5 март расман эълон кард, ки чунин маълумот ҳақиқат надорад ва муносиботи байни Тоҷикистону Русия осеб мерасонад.

Аз суи дигар вазири дифоъи Русия Сергей Иванов рузи ҷумъа дар шаҳри Париж гуфтааст, Тоҷикистон то кунун шартҳои худро роҷеъ ба таъсиси пойгоҳ ба Русия пешниҳод накардааст. Иванов гуфтааст: "Мо дархости расмии Тоҷикистонро дар бораи нарх ва нақшаи ҳузури низомии Русия дар он ҷумҳурӣ нагирифтаем."

XS
SM
MD
LG