Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳафтоду нуҳ кило ҳероин мусодира карданд



Сафаргул Олимӣ



Кормандони умури дохилаи шаҳри Кулоб ва милисаҳои ноҳияи Шуробод зимни як амалиёти муштарак дар деҳкадаи марзии Саричашмаи ноҳияи Шурообод як гуруҳи панҷнафараеро боздошт намуданд, ки мехостанд, аз хоки Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон дохил шаванд. Гуруҳи мазкур ҳамроҳ 79 кило доштаанд, ки мувофиқи нақша мехостанд, ба як сокини ин ноҳия фурушанд.

Ҳамчунин сарҳадшиканон бо худ се автомати тамғаи калашников, 2 пистолети макаров, 3 тирдон ва ҳудуди 40 дона тир, дурбин ва дигар лавозимоти ҷангӣ доштанд. Бино ба иттилои вазорати умури дохила, дар як моҳи ахири соли равон ҳамлу нақли маводи мухаддир аз ҷониби гуруҳҳои қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта якуним маротиба афзудааст.

XS
SM
MD
LG