Пайвандҳои дастрасӣ

Ғ. Мирзоев: "Ҳеҷ касе аз мо бегуноҳ нест"



Абдуқайюми Қайюмзод



Ғаффор Мирзоев раиси Оҷонсии назорат бар гардиши маводи нашъаовари Тоҷикистон ва яке аз фармондеҳони саршиноси собиқ Фронти халқии Тоҷикистон дар як суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, гунаҳкории Ёқуб Салимов - вазири пешини умури дохилаи ин кишвар танҳо дар додгоҳ муайян хоҳад шуд.

Генерал Мирзоев афзуд: "Аввал ин ки делои ҷиноятӣ кушода шудааст. Вақте ки суд қарори худро баровард, тафтишот буд, шавад ва тасдиқ шавад гуноҳҳои Ёқуб Салимов. Агар гуноҳ дошта бошад, ин ҳуқуқи суд аст (маҳкум кардани вай).

Генерал Мирзоев гуфт, як назари кутоҳ ба таърихи ҳаводиси солҳои навадуми асри гузашта дар Тоҷикистон, аз ҷумла замони муқовиматҳои мусаллаҳона миёни нируҳои мухолифин ва ҳукумат ва ҳамчунин ошубҳои минбаъдаи солҳои 1996 ва 1997 рушан хоҳад кард, иштибоҳот аз ҷониби афроди дастандаркор хеле зиёд будааст: "Ягон одами мо авлиё нест, ҳар як кас хато дорад. Хатои сиёсӣ ҳам мекунад, хатоҳои дигар ҳам мекунад. Барои ин ҷавононе, ки мисол ки аз дигар кас бигирем, аз ман бигирем, дигар гирем, мо дар сиёсат дар вақти инқилоб дохил шудем, таҷрибаи сиёсатмадорӣ надоштем. Ва мумкин хато кардаем, ман хато карда бошам, дар бисёр ҷойҳо дигар ҳам хато карда бошад."

Аммо гуфт оқои Мирзоев, иштибоҳи ҷиддии Ёқуб Салимов, ки дар воқеъ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ саҳми назаррас дорад, тарки кишвар карданаш буд. Ҳамзамон генерал Мирзоев таъкид кард, ки вай бар ин бовар аст, ҷараёни тафтишоти парвандаи Ёқуб Салимов, вазири пешини Тоҷикистон, ки ҳоло дар боздоштгоҳи муваққати вазорати амният ба сар мебарад, аз суи додситонии кулли кишвар ба таври одилона ва бидуни фишор сурат мегирад: "Бояд ба прокуратураи генералӣ бовар кунем ва прокуратураи генералӣ софдилона аз руи ҳуқуқи худаш тафтишоти худро мебарад, ман ба прокурори ҷумҳурӣ Бобоҷон Каримович боварӣ дорам, ки бисёр марди одил аст."

Аммо ҳарчанд аз оғози бозрасии парвандаи ҷиноии Ёқуб Салимов беш аз даҳ руз сипарӣ шудааст, мақомоти тафтишотии Тоҷикистон расман ба у айб эълон накардаанд. Дар ҳамин ҳол генерал Ғаффор Мирзоев муътақид аст, мавриди афви раиси ҷумҳур қарор гирифтани Ёқуб Салимов аз суи раиси ҷумҳурро низ ҷараёни тафтишот маълум хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG