Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав мегуяд, бо шартҳои Душанбе розӣ нест



Мирзои Салимпур



Хабаргузории ИТАР-ТАСС аз қавли манобеъи баландпояаш дар вазорати дифоъи Русия даври навбатии музокироти Душанбеву Маскав бар сари масъалаи таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро бенатиҷа номид. Ба гуфтаи манбаъи ИТАР-ТАСС, ҷониби Тоҷикистон дар ҷараёни музокироти Душанбе дар баробари Русия шартҳои ғайриқобилииҷро гузоштааст.

Мусоҳиби ИТАР-ТАСС гуфт, Душанбе дар баҳои таъсиси пойгоҳи низомӣ аз ҷумла бахшидани 300 милён доллар қарзашро тақозо намуда, дар ивази истифодаи пойгоҳи нируҳои кайҳонии Русия дар Норак аз Маскав боз 50 милён доллари дигар хостааст.

Мояи дигари ихтилофи Маскав бо Душанбе бар сари ин пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон аст, ки бар асоси он дар ҳолоти изтирорӣ ва ба хотири дифоъ аз манофеъи миллии кишвараш раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳақ пайдо мекунад, фармондеҳии дивизияи 201-умро бар души худ бигирад.

Мақоми, ба гуфтаи ИТАР-ТАСС, баландпояи вазорати дифоъи Русия афзуд, кор то ҷое расидааст, ки раҳбарияти Тоҷикистон таслиҳоту таҷҳизот ва иншооти низомии Русия дар ин кишварро моликияти худ шинохта, минҷумла дар ин авохир интиқоли 5 ҳавопаймои навъи СУ-25-ро аз Душанбе ба пойгоҳи ҳавоии Канти Қирғизистон монеъ шудааст. Низомии рус мегуяд, Маскав ба маҳзи ин маҷбур шуд, ин миқдор ҷангандаҳоро аз фосилаи чанд ҳазор километр аз худи Русия ба Қирғизистон бубарад.

Мусоҳиби ИТАР-ТАСС ҳамчунин гуфт, агар раҳбарияти Тоҷикистон ба ихроҷи нируҳои Русия аз ин кишвар қарор кунад ҳам, Маскав бо даъвои Душанбе дар мавриди ҳаққи моликияти вай бар молу мулки гардону ногардони дивизияи 201-ум розӣ нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG