Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Риояи ҳуқуқи атфол дар соли 2003



Хиромон Бақозода

Бахши нави силсилагуфтор бар асоси Гузориши солонаи ҳуқуқи башари департаменти давлатии Ийолоти Муттаҳидаи Амрико

Дар гузориши департаменти давлатии Ийолоти Муттаҳида омадааст, ҳукумати Тоҷикистон мегуяд, ҳуқуқи атфолро риоя мекунад, аммо дар ҳамин ҳол дар таъмини амнияти иҷтимоӣ ва беҳбудёбии вазъи кудакон кумаки ками молиро ирсол медорад. Таълим дар кишвар то синни 16-солагӣ иҷборӣ аст ва аммо бо далели камбуди молӣ, мактабҳои Тоҷикистон бо мушкилот рубаруянд. Волидоне, ки имкони молии беҳтар доранд, фарзандони худро ба мактабҳои хусусӣ додаанд ва ё омузгорони хусусиро ҷалб карданд.

Гузориши департаменти давлатӣ бо такя ба маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ мегуяд, анъанаи шуравии ҷалби мактабиёну донишҷуён ба ғунучини пахта ҳамоно собит аст. Теъдоди қобили мулоҳизаи атфоли синни мактабӣ ба ҷои таҳсил бо кор машғуланд.

Мирзо Собиров, ҷонишини мудири маорифи ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар вокуниш ба ин гузориши департаменти давлатӣ чунин гуфт: "Оид ба масъалаи аз таълим дур мондани бачагон? Бале, як бахше ҳаст, аммо ин бахш назар ба солҳои пешин хеле кам шудааст. Фарз кардем, дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт мо як таҳқиқот гузаронидем. Пештар ин теъдод 500 нафар буд, аммо имсол мо ҳисоб кардем, ки чунин кудакон 94 нафарро ташкил медиҳанд. Албатта инҳо на танҳо бо далели иқтисодӣ аз мактаб мемонанд, баъзе бачагонро волидон ба бозор ё ба ягон шуғл банд кардаанд."

Сайрам Бақозода, корманди як созмони ғайриҳукуматӣ ва сардабири нашрияи кудаконаи "Насли Наврас" гуфт, у низ бо гузориши департаменти давлатӣ розӣ аст, аммо ба андешаи у созмонҳои байналмилалӣ бояд дар робита ба коҳиши мушкилоти атфол заҳматҳои ҳаракатҳои ҷамъиятиро низ ба эътибор гиранд.

Сайрам Бақозода мегуяд: "Ин чиз пушида нест, ки кудакони мо аз дунёи ширини тифлӣ дур мондаву бори гарони зиндагиро бар душ доранд. Масалан маркази мо таваҷҷуҳи худро ба мушкилоти насли наврас равона кардааст. Дар ин марказ кудакон забон меомузанд, компютер меомузанд, вале ин чизро намебинанд. Кудаконе, ки дар куча ҳастанд ва кори сиёҳи кучаро иҷро мекунанд, зуд ба чашми меҳмонҳои хориҷӣ меафтанд."

Мояи дигари нигаронии департаменти давлатии Ийолоти Муттаҳида гузориши ахири Бунёди атфоли Созмони Милал ва ташкилоти "Тадбирҳо алайҳи гуруснагӣ" гаштааст, ки мегуянд, то 5 дар сади атфоли зери синни 5 ба гуруснагӣ мувоҷеҳ ҳастанд ва аз ҳар ҳазор тифли ҳамин синн ҳамасола 72 кудак мефавтад.

Барномаи ҷавонии Радиои Озодӣ аз ду модари серфарзанд пурсон кард, ки оё зиндагии онҳо чӣ навъ ҷараён мегирад. Хонум Фируза, зани танҳо ва модари чаҳор фарзанд мегуяд, даромади моҳонаи у 70-80 сомониро ташкил мекунад ва баъди пардохти хароҷоти иҷораи манзил, баҳои газу барқ, пули таҳсил ва кудакистони атфол танҳо 30 сомонӣ дар ихтиёри у мемонад, ки бояд ба ғизову либоси фарзандон сарф шавад: "Ҳар ҳафта вайҳо бояд либоси нағз пушанд, вайҳо мехоҳанд ба қатори кудаконе, ки падар доранд, хешу табор доранд, либоси наву нағз пушанд. Аммо шароит вазнин, сару либоси мактабӣ, шиму кастюми бачаҳо қиммат аст, шароити мо намерасад."

Сарвиноз Шарифова, модари 7 фарзанд аз ноҳияи Ҳисор бошад, ба суоли мо оид ба ғизои фарзандонаш чунин посух дод: "Дар деҳа чӣ мехурӣ охир? Як ордоб мекунӣ, як заволаи оши туппа мекунӣ... ҳамааш ҳамин. Канӣ-ку гушт хуриву ба фарзандат оварӣ? Ман ҳам мехоҳам фарзандам калон-калон хурад, аммо аз куҷо ёбам?"

Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида дар гузориши ҳуқуқи башари худ ҳамчунин ба ҳодисаҳои қочоқи кудакон ва хушунат алайҳи атфол ру оварда, гуфтааст, ин масоил аз мушкилоти дигари насли имрузаи Тоҷикистон боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG