Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Р. Ҳоугланд ба сиёсати ҳукумат баҳо дод



Раҳматкарими Давлат



Ричард Ҳоугленд, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон, зимни посух ба суоли хабарнигорон дар як нишасти хабарӣ гуфт, кишвараш мухолифи таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон намебошад. У гуфт, таъсиси ин пойгоҳ ҳеҷ таъсире ба муносиботи Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳида нахоҳад расонид.

Оқои Ҳоугленд гуфт: "Ин кор таъсире ба муносиботи Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳида дар заминаи ҳамкориҳои низомӣ нахоҳад расонд. Ҳар кишвари соҳибистиқлол ин ҳақро дорад, ки самтҳои манофеъи миллии худро мушаххас кунад. Ва агар ҳукумати Тоҷикистон ба чунин натиҷа бирасад, ки мавҷудияти пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон дар ростои манофеъи миллии ин кишвар аст, пас ин ҳақро дорад, ки дар бораи таъсиси ин пойгоҳ қарор қабул кунад. Тоҷикистон дар айни ҳол бо Иёлоти Муттаҳида, Фаронса ва Ҳинд ва дигар кишварҳо низ ҳамкории низомӣ дорад ва ман зарурати тағйирот дар ин сиёсатро намебинам."

Аз оқои Ҳоугленд пурсида шуд, оё интизор меравад, ки Иёлоти Муттаҳида атбои Тоҷикистонро, ки дар Гуантанамо зиндонӣ ҳастанд, ба Тоҷикистон таҳвил диҳад. У гуфт: "Омузиши дақиқи парвандаи ин афрод идома дорад. Ва умед дорем, ки баъди баррасии бо тартиби парвандаҳо навбати шаҳрвандони Тоҷикистон низ, ки дар Гуантанамо ҳастанд фаро хоҳад расид. Ман дақиқан намедонам, кай натиҷаи ин тафтишот маълум мешавад, вале медонам, ки омузиши ин парвандаҳо идома дорад."

Баъд ҳам аз сафири Иёлоти Муттаҳида дар бораи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳида хусусан дар заминаи иқтисодӣ суол шуд. Як собиқадори матбуот аз оқои Ҳоугленд пурсид, Иёлоти Муттаҳида кумакҳои башардустонаи зиёде ба Тоҷикистон кардааст. Ин кор назири тақсими моҳӣ миёни камбағалон аст. Вале Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон тарзи моҳидориро ёд надод. Оё масалан корхонҳои муштараки Амрико ва Тоҷикистон таъсис мешавад?

У гуфт: "Мо кайҳо дар бисёр соҳаҳо аз сарҳади кумакҳои навъдустона ба ҳамкориҳо дар заминаи барномаҳои рушд гузаштаем. Фикр мекунам, ки мо дар ихтиёри Тоҷикистон чандон кумакҳое қарор додаем, ки ин кишвар дигар худаш битавонад моҳидорӣ кунад."

Ричард Ҳоугленд инчунин чанд омили кундии раванди таъсиси корхонаҳои муштаракро баршумурд ва гуфт, ин худи ширкатҳои хусусӣ ва сармоядорон ҳастанд, ки тарҷеҳ медиҳанд, дар кадом кишвар сармоягузорӣ кунад. Ин ба он омил вобаста мебошад, ки сармоягузорон то кадом андоза шароитро барои овардани сармоя мусоид медонанд.

У афзуд: "Масалан як намуна дар робита ба ришвахорӣ. Қабл аз ҳама ришвахорӣ сармоягузоронро метарсонад. Соҳибкорони ду кишвари ғайривобаста ба якдигар барномаи бунёди як меҳмонхонаи мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ дар Душанберо пешниҳод карданд. Вале ҳар ду ҷониб ҳам ба далели он, ки аз онҳо барои дарёфти иҷоза ришва талаб карданд, маҷбур шуданд, ки аз ин кор даст кашанд. Ва Душанбе танҳо пойтахтест дар Осиёи Марказӣ, ки меҳмонхонае ба сатҳи байналмилалӣ надорад."

Ричард Ҳоугленд ҳамчунин рузи сешанбе низ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суханронӣ карда, гуфта буд, ҳукумати Амрико ба Тоҷикистон тавсия мекунад, ки бояд парлумони ин кшивар то интихоботи соли оянда ислоҳоти пешниҳоднамудаи ҳизбҳои сиёсӣ бо мусоидати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Созмони Милалро ба қонуни интихоботи ин кишвар амалӣ кунад. Ва инчунин Қонуни матбуоти Тоҷикистонро бознигарӣ намояд. Ва ҳамчунин васоити ахбори умум дар ошкор кардани ришвахорӣ ё коррупсия бояд озод бошанд. Сафири ИМА гуфтааст, таъкид мекунам, "Вуҷуд доштани қонунҳое, ки ба васоити ахбори умум гуё "таҳқир кардани" шаъну эътибори мансабдорони давлатиро манъ мекунад, махсусан ҳалокатовар аст. Ин гуна қонунҳо ба матбуот дар ошкор намудани мавридҳои ришвахорӣ халал мерасонанд." Поёни иқтибос.

Аммо бо ин ҳама вуҷуд дипломати амрикоӣ изҳори умедворӣ кардааст, ки Тоҷикистон ҳамчунон дар ҷодаи демократия ҷониби пеш роҳ мепаймояд.

XS
SM
MD
LG