Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши СММ дар Душанбе муаррифӣ шуд



Абдуқайюми Қайюмзод



Рузи чаҳоршанбе дар Оҷонсии назорат бар гардиши маводи нашъаовари Тоҷикистон маросими муаррифии гузориши солонаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи вазъияти қочоқи маводи мухаддир дар ҷаҳон баргузор шуд.

Уилям Пейтон - ҳамоҳангсози доимии Кумитаи байналмилалии назорат бар гардиши маводи мухаддири Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон гуфт, Тоҷикистон кишвари тавлидкунандаи маводи мухаддир нест, вале бо далели мавқеияти ҷуғрофиёии худ ва транзити маводи мухаддир аз Афғонистон тавассути қаламрави ин кишвар хисороти чашмгире бо Тоҷикистон ворид мешавад. Оқои Пейтон афзуд, қочоқи маводи мухаддир тавассути қаламрави Тоҷикистон сабаби афзоиши ширкати шаҳрвандони ин кишвар дар шабакаҳои қочоқбар, истеъмол ва ҳамчунин густариши ришвахорӣ ва фасоди молӣ дар сохторҳои алоҳидаи ин кишвар шудааст.

Оқои Пейтон гуфт: "Ман чунин меҳисобам, ки афзоиши қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон заминаро барои густариши ришва ва фасоди мусоид сохтааст ва тоҷикон ба иллати тангии рузгор ва набуди маош ба ночор даст ба тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир мезананд."

Ғаффор Мирзоев, раиси Оҷонсии назорат бар гардиши маводи нашъаовари назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо ишора ба фаъолияти ин оҷонсӣ дар роҳи боздошт ва кашфи маводи мухаддир дар муқоиса бо ниҳодҳои зиддахли кишварҳои муштаракулманофеъ хостори сармоягузории бештари СММ барои ин оҷонсӣ шуд.

Генерал Мирзоев гуфт, СММ аз замони ташкили Оҷонсии назорат бар гардиши маводи нашъаовари Тоҷикистон, дар соли 1999 ҳудуди 10 миллион доллар сармоя ихтисос додааст, ки аз ин миён 4 миллион доллар барои оҷонсӣ ва бақияи он барои дигар ниҳодҳои қудратие, ки бо маводи мухаддир сару кор доранд ва тақвияти марзҳо сарф шудааст. Аммо оқои Мирзоев муътақид аст, ки агар куллияи ин маблағ дар ихтиёри оҷонсӣ вогузошта мешуд, амалкарди оҷонсӣ дар амри мубориза бо қочоқчиёни маводи мухаддир, кашфи шабакаҳо ва мусодираи ин мавод натоиҷи бештарро ба бор меовард. Рустам Назаров, муовини раиси Оҷонсии назорат бар гардиши маводи нашъаовар, дар ин конфронси хабарӣ таъкид кард, ки бо таваҷҷуҳ ба густариши кишти хашхош дар Афғонистон, қочоқи маводи мухаддир дар чанд соли оянда аз ин кишвар ҳамчунон ру ба афзоиш хоҳад дошт. Ба гуфтаи вай, кишти хашхош дар манотиқи марзии Афғонистон бо Тоҷикистон низ ахиран афзоиш ёфта, беш аз 60 лабораторияи коркард ва тавлиди маводи мухаддир дар манотиқи шимолии ин кишвар фаъол ҳастанд.

Ҳамчунин дар ин маросим хабарнигорон ин масъаларо матраҳ карданд, ки барои тавлиди ҳероин ба як моддаи махсуси кимиёвӣ ниёз аст ва ин мавод дар кишварҳои пешрафта тавлид мешавад. Вале ин мавод чӣ гуна ва бо кадом роҳ вориди Афғонистон мешавад дар гузориши солонаи СММ дар ин хусус ишора намеравад.

Намояндаи СММ дар ин робита гуфт, ки ин гуна мавод дар кишварҳои аврупоӣ, Ҳинд, Чин ва бархе аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ тавлид мешавад. Оқои Пейтон дар ин робита танҳо як ҳодисаи кашф ва мусодираи чунин маводи кимиёвӣ дар қаламрави Узбакистон ва Туркманистон дар авохири солҳои навадуми асри гузашта ёдовар шуд, ки қочоқчиён қасд доштанд, ин маводро ба Афғонистон интиқол диҳанд.

Аммо оқои Пейтон ҳамзамон таъкид кард, ки аз сад фоиз маводи мухаддири кашфшуда дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли гузашта 82 дар сади он дар Тоҷикистон кашф ва тавқиф шудааст. Дар маҷмуъ дар Тоҷикистон ҳудуди даҳ тонна маводи мухадир кашф ва мусодира шудааст,ки дар муқоиса бо соли гузашта ҳудуди се тонна бештар мебошад.

XS
SM
MD
LG