Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хушунати оилавӣ дар Тоҷикистон



Хиромон Бақозода

Бахши дигари силсилагуфтор бар асоси Гузориши солонаи департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико роҷеъ ба ҳуқуқи инсон.

Гузориши департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида навишт, масъалаи хушунати оилавӣ яке аз мушкилоти умдаи занони Тоҷикистон ба шумор меравад. Таҳқиқоти вижаи чаҳор созмони ғайриҳукуматӣ, ки дар 20 русто баргузор гардид, собит намуд, дар ин деҳот беш аз 70 ҳодисаи лату куби шавҳарон ба қайд гирифта шудааст. Назар ба иттилои Вилоят Мирзоева, раҳбари созмони "Гендер ва тараққиёт", занҳои тоҷик иқрор мешаванд, ки ҳодисаҳои зургуйии мардон дар хона, дашному фишорҳои равонӣ як чизи маъмулӣ аст: "Натиҷаҳои ин таҳқиқот собит намуданд, дар 80 фоизи ҳолатҳо пурсидашудагон гуфтаанд, бале мо ҳамаруза ба хушунат ру ба ру ҳастем, ба вижа хушунати оилавӣ. Аммо муттаасифона, теъдоди занҳое зиёд аст, ки ҳатто ба навъи зуроварӣ сарфаҳм намераванд, мисли таҳдид, дашномгуиҳо. Инҳо ҳам як навъи хушунат ҳисоб мешаванд."

Департаменти давлатӣ ҳамчунин ба масъалаи таҷовуз ру оварда гуфтааст, қавонини Тоҷикистон барои чунин навъи ҷиноят 20 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад, ва аммо зани бадномшуда пинҳон доштани мушкили худро назар ба ошкор кардани мушкили худ авлотар медонад. Масъалаи танфурушӣ дар Тоҷикистон мояи дигари нигаронии департаменти давлатӣ гаштааст. Гузориш ҳокист, дар бизнеси пинҳонии фаҳшо теъдоди далла ва миёнаравҳо хеле зиёд аст ва то ҷое ин кор, ба як навъ бизнеси муташшаккили оилавӣ табдил ёфтааст. Назар ба маълумоти созмони "Модар", дар маҳбасҳои занонаи Тоҷикистон беш аз 30 нафар бо ҷурми даллагӣ зиндонӣ ҳастанд.

Гузориши департаменти давлатӣ аз чанд ҳодисаи боздошти гуруҳҳои муташаккили миёнарав навишта гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон ба таъсиси камиссиюни вижаи мубориза бо қочоқи инсон иқдом намуд.

Гулчеҳра Мирзоева, раҳбари созмони "Модар" ва яке аз чаҳор ташкилоте, ки исмаш дар гузориши департаменти давлатӣ оварда шудааст, мегуяд, солҳои охир бархурди кормандони интизомӣ бо масоили танфурушиву қочоқи инсон андаке тағйир кардааст: "Бале, имруз онҳо ин масъаларо эътироф мекунанд, чаро ки худи президент ин мушкилро эътироф кард. Қаблан кори мо хеле мушкил ва пурхатар ҳам буд, аммо имруз кор хеле осон шудааст."

Гулчеҳра Мирзоева афзуд, ҳаракатҳои ҷамъиятии Тоҷикистон баъди талошҳои зиёд ниҳоят муваффақ ба он шуданд, ки парлумон барои фуруши инсон дар қонун банди махсусро ворид кунад: "Мо дар давоми як сол мизҳои мудаввар баргузор карда барои қабули банди нав ба Қонуни ҷиноӣ кишвар талош кардем. Ва ниҳоят ин банд таҳти рақами 133 Эм 1 вориди Қонуни Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон гашт ва акнун ошкорсозиву муҷозоти чунин афрод, ки даст ба миёнаравӣ, даллагӣ ва фуруши инсон задаанд, боз ҳам осонтар мешавад. То ҳол ба муҷозот кашидани чунин афрод душвортар буд."

Гузориши департаменти давлатӣ дар ин робита меафзояд, мубориза бо ҷиноёт, талош барои таъмини ҳуқуқи баробар бо мардон дар оила ва ҷамъият, дастрасӣ ба таълим ва беҳдошт аз масоили авлавиятноки ҳукумат ва ҳаракатҳои ҷамъиятии маҳаллӣ мебошад. Фаъолияти ин барномаҳо ба таври густарда аз суи созмонҳои байналмилал пуштибонӣ меёбад.

XS
SM
MD
LG