Пайвандҳои дастрасӣ

Эҳтироми ҳуқуқи инсон, муҳокимаҳои додгоҳӣ дар Тоҷикистон дар соли 2003



Искандари Хоҷа Мирзода

Бахши дуввуми силсилагуфтор бар асоси Гузориши солонаи департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико роҷеъ ба ҳуқуқи инсон.

Дар соли 2003-ум гузорише дар бораи он, ки ҳукумати Тоҷикистон ва ё ҷонибдоронаш дар кушторҳои худсарона ширкат дошта бошанд, дастрас нашудааст. Вале дар моҳи май як оила шикоят кард, ки дар оғили хонаашон ҷасади фарзандашонро бо нишонаҳои шиканҷа пайдо карданд. Қабл аз ин ҳодиса полис уро боздошт намуда буд. Тафсилоти бештар ва ё тасдиқи ин ҳодиса ҳам интишор нашудааст.

Дар соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон маълумот дод, ки як силсила кушторҳои пурсару садои рузноманигорони хориҷӣ ва мансабдорони воломақоми кишварро кашф намуда, омилони ин ҷиноятҳои вазнинро ба ҷавобгарӣ кашид. Ҳамчунин ҳукумат тавонист, аъзои гуруҳи муташаккили ҷиноиро, ки дар тули солҳо бо одамкушӣ машғул буданд, дар додгоҳи пушида маҳкум намояд.

Дар ҳамин ҳол департаменти давлатии Амрико аз нақли созмонҳои ҳомии ҳуқуқи овардааст, ки баъзан ҳукумат меъёрҳои додгоҳ ва ҳуқуқи башарро риоя намекунад. Дар ҳолатҳои зиёд кормандони умури дохилӣ боздоштшудагонро латту куб намуда, маҷбур мекунанд, ки кори кардаву накардаро бар душ бигиранд.

Дар рузи охирини соли гузашта додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи раҳбарони ширкати "Ҷамол-Компания"-ро, ки бо як силсила ҷиноятҳои вазнин ва аз ҷумла авомфиребӣ, фаъолиятҳои бидуни муҷаввизи бонкӣ муттаҳам мешуданд, ба поён расонида, Ҷамшед Сияев раҳбари ширкат, муовини у Зафар Камолов ва сармуҳосиб Вячеслав Цойро ба муддатҳои тулонӣ аз озодӣ маҳрум кард, вале вакили мудофиаи онҳо Иброҳим Кимсанов мегуяд, ки дар муҳокима баъзе ҷурмҳо собит нашуданд ва аслан муҳокима бо камбудиҳо пеш бурда шуд.

Иброҳим Кимсанов меафзояд: "Кирдорҳои Сиёев ва гуруҳи он то охир ҳоло тафтиш карда нашудаанд. Тафтиш давом дорад, ҳукм бароварда шуд, вале ман розӣ нестам ва нуқтаи назари худамро бо тариқи кассатсионӣ муроҷиат мекунам, ки ин ҳукмро коллегияи дигар такроран дида барояд."

Аммо узви коллегияи Додгоҳ Олии Тоҷикистон Аббос Фақиров мегуяд, ки муҳокимаҳо ва умуман, тафтиши ҷиноятҳо бидуни камбудӣ амалӣ мешаванд. Ва агар шикояте руй зад, он ҳатман мавриди таҳқиқи аъзои Додгоҳи Олӣ қарор мегирад. Аббос Фақиров илова мекунад, ки соли гузашта як дафъа шикоят шуд, ки тафтиши парванда бо истифода аз латту куб сурат гирифт ва ҷиноят ба шахсони бегуноҳ бор шуд: "Порсол як парванда буд, дар вилояти Суғд нисбати 7 нафар кормандони олирутба ҳамаша суд карданд. Мо онро дар коллегияи додгоҳи олӣ онро дидем ва ҳукмро бетағйир мондем. Агар ҳамин хели мавридҳо пайдо шуд, мо тафтиш мекунем."

Аз Аббос Фақиров пурсидам, ки дар гузориши департаменти давлатӣ гуфта шудааст, муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Шамсиддин Шамсиддинов охири соли гузашта ба 16 соли зиндон маҳкум шуд, вале вай барои ташкили гуруҳи мусаллаҳ ва убури ғайриқонунии марз гунаҳкор дониста шуд, ки ин ҷиноятҳо тибқи созиши умумии сулҳ бояд мавриди авф қарор бигиранд. Назари шумо дар ин бора чист?

Вай гуфт: "Мувофиқи созиши сулҳ парвандаҳое таҳти авф қарор мегиранд, ки то моҳи июни соли 1997 то ҳамон қарори қабулкарда, ҳамон авфе, ки соли 1999 қабул карда буданд, ҳамон ҷиноятҳо хотима ёфта бошанд. Ҳар шахсе, ки баъди қарори авф ҷиноятро идома дода бошад, нисбати онҳо қарори авф татбиқ намешавад. Яъне ҷинояти Шамсиддинов баъди қарори авф низ идома ёфтааст. Уро дастгир карданд ва собит намуданд, ки дар ҳамон гуруҳҳо шомил будааст ва барои ҳамин қарорро нисбати вай татбиқ накарданд."

Соли гузашта дар баробари муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Шамсиддин Шамсиддинов яке аз пешвоёни дигари ин созмони сиёсӣ Қосим Раҳимов бо иттиҳоми таҷовуз ба номус ба ҳабс гирифта шуд ва дар ибтидои соли 2004-ум додгоҳ уро ба муҳлати тулонӣ аз озодӣ маҳрум кард. Баъзе шореҳон ва раҳбарони ҳизби Наҳзати Исломӣ мегуянд, ки ҳабси ду раҳбари ин ҳизб ҳадафҳои сиёсӣ дорад.

Департаменти давлатии ИМА навиштааст, дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифин майдонҳои минакоришуда танзим дода буданд. Соли гузашта дар яке аз майдонҳои минаи минтақаи Қаротегин одамон руи мина пой гузошта, бар асари таркиш ҳаёти худро аз даст додаанд. Аммо дар майдонҳои мина, ки аз ҷониби Узбакистон дар марзи миёни Тоҷикистону Узбакистон гузошта шудаанд, ба қавли Кумитаи давлатии ҳифзи марзи Тоҷикистон ҳадди аққал 16 кас кушта шуд.

XS
SM
MD
LG