Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии матбуот дар Тоҷикистон дар соли 2003



Холидаи Қодир

Бахши аввали силсилагуфтор бар асоси Гузориши солонаи департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико роҷеъ ба ҳуқуқи инсон.

Дар гузориши департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида омадааст, ки Қонуни асосии Тоҷикистон аз озодии баён ва матбуот пуштибонӣ мекунад, вале ҳукумат иҷрои ин қонунро дар амал маҳдум месозад. Нашрияҳое, ки сиёсатҳои ҳукуматро танқид мекунанд, ба фишору монеаҳо мувоҷеҳ мешаванд. Масалан, чопхонаи давлатӣ аз нашри он рузнома сарфи назар мекунад, хабарнигорон тавассути телефон мавриди таҳдид қарор мегиранд ва ё ба додситонӣ даъват мешаванд. Роҳҳои дигари фишор болои матбуот ва радиову телевизиони мустақил мушкилоти сабти ном ва ҳамчунин тафтиши боғаразонаи хадамоти андоз мебошад.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон мудохила ба кори хабарнигорон ҷиноят ба шумор меравад, вале журналистон мегуянд, ки мақомоти расмӣ дастрасии онҳоро ба маълумот маҳдуд мекунанд, баъзан ба хабарнигорон ба истилоҳ "машварати дустона" медиҳанд, ки кадом мавзуъ бояд ба расонаҳои хабарӣ роҳ наёбад.

Раҳбари ташкилоти расонаҳои озод Нуриддин Қаршибоев дар мавриди монеаҳои фаъолияти хабарнигорон дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ ибрози назар кард: "Яке аз мушкилоти мубрами руз ин дастрас намудани ахбор аз сарчашмаҳои ҳукуматӣ аст. Албатта тавре сарчашмаҳои расмӣ эълон доштанд, мавқеи ҳукумати Тоҷикистон барои дастрас намудани ахбори муҳим барои ҷомеаи муҳим аст ва онҳо дар ин роҳ монеа эҷод карданӣ нестанд, вале баъзе мансабдорони мақомоти ҳукуматӣ ё аз бесалоҳиятии худ ва ё аз надонистани қонун ба чунин камбудиҳо роҳ медиҳанд."

Аммо корманди нашрияи "Азия Плюс" Баҳром Маннонов мегуяд, ки дар ин охирҳо дар муқоиса бо солҳои гузашта гирифтани маълумот ва мусоҳиба аз мақомоти расмӣ осонтар шудааст: "Пештар мансабдорон мумкин ягон чизро пинҳон мекарданд, ё аз роҳбар иҷозат мепурсиданд, ҳозир ба ҳар ҳол осонтар. Масалан ман ба парламент меравам, дар тамоми кумитаҳои парламент ва иҷлосияҳои парламенти Тоҷикистон бе ягон маҳдудият иштирок ҳам мекунам ва аз он ҷо маълумот ҳам мегирам."

Аз Баҳром Манонов пурсидам, ки шумо метавонед, ҳукуматро, ё ягон иқдоми ҳукуматро ва ё фаъолияти сиёсатмадорро озодона танқид кунед?

Вай гуфт: "Ба назарам метавонам. Умуман танқид кардем ва дар сайти Евразиянет чоп ҳам шудааст."

Дар гузориши департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида омадааст, ки журналистон ва муҳаррирон аз тарси интиқомҷуӣ маъмулан аз танқиди ҳукумат худдорӣ мекунанд. Вале баъзе нашрияҳои мустақил дар мақолаҳои худ ҳукуматро сахт интиқод кардаанд.

Соли гузашта шумори рузномаҳои мустақил ва нашрияҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтанд. Бахше аз ин рузномаҳо ба пахши хабар ва таҳлил таммаркуз кардаанд, вале ба сурати умум теъдоди хеле ками рузномаҳо ба пахши хабарҳои ҷиддӣ даст мезананд.

Ҳукумат як муддат ба рушди нашрияҳои мустақил мусоидат мекард, вале дубора мавқеъи худро тағйир дод. Ду рузномаи мустақили сиёсӣ ва иҷтимоӣ бо номи "Рузи Нав" ва "Нируи Сухан" соли гузашта ба фаъолият шуруъ карданд. Вале моҳи ноябр чопхонаи давлатӣ нашри "Рузи Нав"-ро қатъ кард.

Нозирони байналмилалӣ мегуянд, ки ин иқдоми корхонаи табъу нашр ҳадди аққал қисман ҳадафҳои сиёсӣ дошт. "Нируи Сухан" низ дар пайдо кардани чопхона мушкилот дошт. Дар Тоҷикистон обунаи маҷбурӣ ба нашрияҳои давлатӣ дар ҳамаи минтақаҳо вуҷуд дорад. Мақомоти маҳаллӣ ширкатҳои хусусӣ ва хоҷагиҳои кишоварзиро маҷбур мекунанд, ки рузномаҳои давлатӣ обуна шаванд. Боре мақомоти шаҳри Хуҷанд кушиш карданд, то намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро низ маҷбур кунанд, ки ба рузномаи маҳаллӣ обуна шавад.

XS
SM
MD
LG