Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як шаҳрванди Тоҷикистонро мина кушт



Маъсум Имомов



Шаҳрванди Тоҷикистон Мағзум Қузиев, сокини ҷамоати Пулуки ноҳияи Ашт, дар натиҷаи таркиши мина дар минтақаи ҳаммарзи ин маҳал бо Узбакистон рузи 29 феврал ба ҳалокат расид. Дар ин бора як манбаъ аз додситонии ноҳияи Ашт ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ин манбаъ сокини 37-солаи ҷамоати Пулук Мағзум Қулиев тақрибан соатҳои сеи баъд аз зуҳр зимни чаронидани гусфандон дар мавзеъи Сарвак ба мина бархурдааст.

Оғози моҳи январи соли равон як сокини дигари ҳамин маҳал Элмир Пардаеви 28-сола ҳамчунин ҳангоми чаронидани мол ба минаи марзбонони узбак бархурда кушта шуда буд. То кунун 10 тан аз сокинони ноҳияи Ашт дар минаҳои марзии Узбакистон ҷон додаанд. Бино ба иттилои ҳукумати Суғд аз оғози соли 2000-ум инҷониб беш аз 60 шаҳрванди ин вилояти шимолии Тоҷикистон дар минаҳои марзбонони узбак бархурда кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG