Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи нави қонуни интихобот дар ниҳоят ба парлумон роҳ ёфт



Мирзонабии Холиқзод

Аммо коршиносон умеди зиёд надоранд, ки ин тарҳ аз ҷониби вакилони Маҷлиси Намояндагон қабул шавад.

Шурои Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ду тарҳи алтернативии қонуни интихоботи кишварро барои баррасӣ дар ихтиёри кумитаҳои палатаи поёнии Маҷлиси олӣ қарор дод. Дар ҷаласаи рузи душанбе, 1 март нишасти Шурои Маҷлиси намояндагон, таҳти раёсати раиси Маҷлиси Намояндагон Саъдулло Хайруллоев ин ду пешнавис мавриди муҳокима қарор гирифта, ба кумитаҳои Маҷлиси Намояндагон пешниҳод шуд.

Дар робита ба ин сухангуи парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов гуфт: "Лоиҳаи аввал аз ҷониби вакилон, аъзои фраксияи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо вакил аз Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон таҳия гардида ва лоиҳаи дуюм аз ҷониби аъзои фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва гуруҳи ғайриҳизбиён пешниҳод шудааст. Мақсад аз таҳия ва пешниҳод намудани чунин лоиҳаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конвенсия дар бораи стандартҳои интихоботи демократӣ ва мутобиқ намудан ба меъёрҳои Қонуни конститутсионӣ дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад."

Дар миёнаҳои ҳафтаи гузашта аъзои фраксияи Ҳизби Комуннист ва намояндагони Ҳизби Наҳзати Ислом дар парлумони Тоҷикистон дар якҷоягӣ тарҳи нави қонуни Интихоботро, ки ҳудуди 8 моҳ дар тобистони соли гузашта дар ҳайъати як комиссияи бонуфуз бо иштироки коршиносони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Созмони Милал ва аъзои 6 ҳизби расмии Тоҷикистон баррасӣ шуда буд, ба шурои Маҷлиси Намояндагон пешниҳод кард.

Дар бораи пешниҳоди тарҳи нав раиси фраксияи Ҳизби Коммунист Шодӣ Шабдолов ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мақсад ҳамин аст, ки бояд дар оянда дар парлумон ашхоси варзида ва шоиста ва кордон бояд интихоб шаванд. Шоиста, яъне ба ягон касофат, ҷиноят ва ягон чизи дигар инҳо набояд наздикӣ дошта бошанд."

Ва аммо дар пайи омода шудани ин тарҳ намояндагони Ҳизби Халқии Демократӣ бо изҳори норозият аз баъзе бандҳои тасҳеҳдида, аз пешниҳоди он ба парлумони кишвар худдорӣ карданд. Намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва аъзои ҳизбҳои дигари расмии кишвар таъкид мекарданд, ки маҳз бо ҳамин тарҳи нави такмилдида метавон ба интихоботҳои ояндаи Тоҷикистон умед баст, зеро ҳамин тарҳ шароити солим барои мунсифона ва демократӣ сурат гирифтани интихоботро таъмин хоҳад кард.

Вале ахиран аъзои фраксияи Ҳизби Халқии Демократӣ ҳамроҳ бо вакилони ғайриҳизбӣ тарҳи алтернативии дигарро ё ба истилоҳ тарҳи хоси Ҳизби Халқии Демократӣ, ҳизби ҳомии президент Эмомалӣ Раҳмоновро ба Шурои Маҷлиси Намояндагон пешниҳод намуд.

Аммо аъзои кумитаҳои Маҷлиси Намояндагон бо назардошти ин, ки ду тарҳи нави як қонун ба тозагӣ ба дасташон расидааст ва огоҳии комил аз муҳтавои ононро надоранд, аз шарҳи пешнависҳо худдорӣ карданд. Ҳануз маълум нест, кадоме аз ин тарҳҳо мукаммалтар ва демократитар мебошад.

Аммо аз суҳбатҳои қаблӣ бо намояндагони аҳзоби кишвар, маълум мешавад, ки ду тарҳ аз ду ҷониб, яке аз тарафи ҳизбҳои ғайри ҳукуматӣ, ки дар интихоботҳои гузашта ба мушкилоту шикаст мувоҷеҳ шудаанд, пешниҳод гардидааст ва дигарӣ аз тарафи Ҳизби Халқии Демократӣ ҳизби ҳокиму ғолиб, пешкаш гардидааст.

Дар тарҳе, ки аз тарафи фраксияи Ҳизби Комунист ва намояндагони Наҳзати Ислом ба Шурои Маҷлиси Намояндагон пешниҳод гардидаст, гуфта мешавад, ки парлумони нав ба асоси меъёри панҷоҳ дар сад аз намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва 50 дар сад аз вакилони мустақил ташкил дода шавад. Аммо Ҳизби Халқии Демократӣ ин пешниҳодро зарур намешуморад. Дар ҳамин тарҳ, як пешниҳоди дигари асосӣ ин аст, ки Комиссияи Марказии Интихобот ва ба ҳамин тартиб комиссияҳои ҳавзавӣ аз боло то поён аз ҳисоби аҳзоби расмӣ таъсис дода шаванд. Вале қонуни амалкунандаи интихобот ин ҳақро дар ихтиёри раиси ҷумҳур ва ҳукумат дар маҳалҳо вогузоштааст.

Намояндагони Ҳизби Халқии Демократӣ бо ин иддао, ки тарҳи мазкур бештар дар заминаи манофеъи ҳизбӣ таҳия шудааст, ин иловаро ҷонибдорӣ намекунанд.

Дар мавриди шумораи вакилон дар Маҷлиси Намояндагон, дар ин тарҳ гуфта шудааст, ки теъдоди вакилон аз 63 ба 120 нафар расонда шавад. Аммо намояндагони Ҳизби Халқӣ- Демократӣ бо назардошти вазъи мушкили иқтисодии кишвар ин пешниҳодро низ қабул надоранд. Муовини аввали раиси Ҳизби Халқии Демократӣ Давлаталӣ Давлатов мегуяд: "Парлумони Тоҷикистон ниёз ба 120 вакил надорад. Агар мо шумораи имрузаи вакилони Маҷлиси Намояндагонро бо парламентҳои дигар кишварҳои ҷаҳон муқоиса кунем, бо назардошти таносуби аҳолӣ, аз мо мумкин ки бештар аз онҳо бошад."

Ба ин тартиб дар тарҳи нави қонуни интихоботи Тоҷикистон, ки аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ва аҳзоби расмии мухолиф таҳия шудааст, беш аз 90 дар сади қонуни амалкунандаи интихобот мавриди бозбинӣ ва тасҳеҳу тағйирот қарор гирифтааст. Аммо ҳануз рушан нест, ки тарҳи алтернативии Ҳизби Халқии Демократӣ то кадом андоза ба банду моддаҳои ин қонун расидагӣ кардааст.

Қонуни амалкунандаи интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҳамагӣ аз 56 модда иборат мебошад. Ва аммо коршиносон мегуянд, азбаски Ҳизби Халқии Демократӣ беш аз 70 дар сади курсиҳои парлумонро соҳиб мебошад ва тарҳи алтернативии худро пешниҳод кардааст, тарҳе, ки аз тарафи аҳзоби мухолиф пешниҳод шудааст, гумон аст ки ба тасвиб расад.

XS
SM
MD
LG