Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посбонони Убайдуллоев якдигарро куштанд



Раҳматкарими Давлат



Бар асоси гузоришҳо, ду муҳофизи Муҳаммадсаид Убайдуллоев - раиси Маҷлиси олии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе дар як ҷанги тан ба тан якдигарро куштаанд. Ба гуфтаи манобеи мухталиф, миёни ин ду нафар шаби шанбе, 28 феврал як низоъе сар мезанад ва онҳо берун аз маҳалли ҷойи кори худ, дар дохили боғи марказии пойтахт, ки дар муқобили бинои шаҳрдории Душанбе воқеъ аст, ҷониби якдигар оташ мекушоянд.

Дар натиҷаи тирпарронӣ ҳарду нафар дар ҷойи ҳодиса кушта шудааст. Мақомоти интизомӣ то ба ҳол ин ҳодисаро расман эълон накардаанд ва ҳуввияти ашхоси ба ҷанги тан ба тан баромада низ маълум нест. Инчунин дар бораи ангезаҳои ихтилоф ва мунозеаи ин ду нафар низ чизе гуфта намешавад.

XS
SM
MD
LG