Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъалаи ҷаҳонишавӣ дар Душанбе баррасӣ шуд



Раҳматкарими Давлат



Дар семинари илмии таҳти унвони "Тоҷикистон дар роҳи ҳамгироӣ" масъалаи таъмини амнияти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иттилоотии Тоҷикистон дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ мавриди баррасӣ қарор дошт. Зимни ин нишаст Владимир Сотиров, намояндаи муншии СММ дар Тоҷикистон, барқарории сулҳ дар Тоҷикистонро аз дастовардҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон бо СММ ва ҷомеаи байналмилал гуфт.

Дар айни ҳол Шарофиддин Имомов - мудири курсии равобити байналмилал дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфт, Афғонистон бо он ки дар Қонуни Асосии наваш навиштааст, сиёсати хориҷии худро бар асосии манофеи кишвар бар роҳ мемонад, ин ба маънои амалан аз байн рафтани сиёсати бетарафии ин кишвар аст, ки ба таври суннати ривоҷ дошт ва Афғонистонро ин сиёсат аз ҳамроҳшавӣ ба ду ҷанги ҷаҳонӣ наҷот додааст. Акнун даст кашидани Афғонистон аз сиёсати бетарафӣ ба таври билқувва ба авзои Тоҷикистон низ таъсир хоҳад гузошт. Ва сиёсате, ки Афғонистон барои худ муайян мекунад, барои тамоми минтақа беасар нахоҳад буд. Аз ин ҷиҳат Тоҷикистон бояд барномаи маҷмуъии сиёсати худ мутобиқ ба ин таҳаввулотро таҳия кунад.

Абдусамад Самиев - корманди Шурои амнияти Тоҷикистон - гуфт, барои тарҳрезии барномаи мушаххаси Тоҷикистон дар давраи ҳамоиш бо ҷомеаи байналмилалӣ ин кишвар ба машварат ва хулосаҳои коршиносон ва олимон ниёз дорад. Нахустин хулосаҳо ба гуфтаи оғои Самиев он аст, ки дар ибтидои хусусигардонӣ бо машварати коршиносони хориҷӣ ба иштибоҳоте роҳ дода шудааст ва ин ҳол боиси камтаваҷҷуҳии сармоягузорон дар Тоҷикистон мебошад.

Дар шароити ҳамоиши ҷомеаи байналмилалӣ, ба гуфтаи у Тоҷикистон барои ҳифзи манофеи худ ба ақидаи воҳиди миллӣ ва ривоҷи илм ва фанноварии дохилӣ ниёз дорад. Мушкилоти фаровоне дар ин замина вуҷуд дорад ва вазифаи олимон ва ҷомаешиносон аст, ки роҳи ҳалли ин мушкилотро рушан кунанд ва барномаи мушаххаси ҳамоиши Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳониро таҳия кунанд.

XS
SM
MD
LG