Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қотилони Хуршеда ба зудӣ бояд фош шаванд



Мирзои Салимпур



Муовини сардори идораи умури дохилаи Санкт Петербург Владислав Пиотровский дар як гузориши хос унвонии кафили вазорати умури дохилаи Русия Рашид Нургалиев навишт, ки тафтишот ғолибан ба ифшои парвандаи куштори духтараки нуҳсолаи тоҷик Хуршеда Султонова наздик шудааст.

Бино бар ин гузориш, дар ҷараёни тафтиши ин парванда наздик ба 5 000 ҷавони марбут ба гуруҳҳои тундрави миллатгаро дар Петербург мавриди таҳқиқу бозпурсӣ қарор гирифтааст.

Рашид Нургалиев ба навбаи худ аз ташаннуҷи вазъи ҷиноӣ дар Санкт-Петербург изҳори нигаронӣ намуда, аз мақомоти милиса иттихози тадобири лозим барои ҷорӣ кардани тартибот дар он шаҳрро тақозо кардааст.

Тафтишот то кунун маълум кардааст, ки ҳамла ба хонаводаи муҳоҷирони тоҷик дар Санкт-Петербургро шоми 9 феврал як гуруҳи иборат аз 10-12 навраси аз 14 то 17-сола анҷом додааст. Ин гуруҳ ба гуфтаи милиса, бо корду занҷир ва калтак мусаллаҳ буда, ҳамлаи онҳо мунҷар ба ҳалокати духтари нуҳсолаи ин хонавода Хуршеда Султонова шуд.

Волии Санкт-Петербург ба думбол аз мақомоти интизомии шаҳраш талаб намуд, ки "қотилони ин кудакро аз зери замин ҳам пайдо карда, ба як додгоҳи ибрат бикашанд." Ҷараёни тафтишоти парвандаи куштори Хуршеда Султоноваи ғуррамаргро кафили вазорати умури дохилаи Русия Рашид Нургалиев шахсан бар уҳда дорад.

Дар бораи ҷараёни тафтиши ин парванда нашрияи интернетии "Нюсру. Ком" хабар додааст.

XS
SM
MD
LG