Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико дар Осиёи Марказӣ пойгоҳ намесозад



Мирзои Салимпур



Сафири Амрико дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугланд дар суҳбат бо нашрияи "Курйер Таджикистана" чопи Душанбе гуфтааст, Амрико барномаи таъсиси пойгоҳи доимии низомӣ дар Осиёи Марказӣ ё кушиши рақобат бо пойгоҳҳои низомии Русия дар ин минтақаро надорад.

Оқои Ҳоугланд гуфтааст, пойгоҳҳои низомии Амрико дар ин ҷо то вақте побарҷой хоҳанд монд, ки маъракаи ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон давом мекунад. У афзуд, кишварҳои Осиёи Марказӣ минҳайси давлатҳои мустақил ҳаққи иттихози мустақилонаи ҳар қарорро доранд ва агар ба қароре бирасанд, ки вуҷуди пойгоҳи низомии кишварҳои хориҷӣ ба фоидаашон нест, бояд ба ин интихоби онҳо ҳамагӣ, аз ҷумла Русия эҳтиром қоил шаванд.

Ричард Ҳоугланд Тоҷикистонро ба маҳзи марзи мустақими тулонӣ ва тақрибан шаффофаш бо Афғонистон аз кишварҳои аз лиҳози геополитикӣ барои Амрико муҳим арзёбӣ намуда гуфт, ин кишвар ба вижа дар ҷараёни маъракаи зиддитеррор ва зидди маводи мухаддир худро ба ҳайси як шарик ва ҳамкори муътамад нишон додааст.

XS
SM
MD
LG