Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гузориши Департаменти Давлатӣ нашр шуд



Салими Аюбзод



Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида дар гузориши солонаи худ гуфт, вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳамоно бад боқӣ монда, дар баъзе риштаҳо бадтар шудааст. Бо вуҷуди баъзе пешрафтҳо, омадааст, дар ин гузориш, поймолшавии ҷиддии ҳуқуқи инсон тайи соли 2003-юм ба мушоҳида расидааст. Ҳукумат дар пажӯҳиши баъзе аз қатлҳои сиёсии солҳои гузашта пешрафт кард, аммо шиканҷа, латукӯб ва таҳқири боздоштшудагон, ҳабси дарозмуддати бесабаб, муҳокимаҳои пӯшида ва дорои ангезаи сиёсӣ идома доранд, гуфта мешавад дар гузориши солонаи Департаменти давлатии Амрико.

Дар гузориш аз муҳокимаи намояндагони ҲНИТ дар додгоҳ, боз шудани парвандаи ҷиноӣ бар зидди раиси ҲДТ Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар моҳи ноябри соли гузашта, ҳабс ва муҳокимаҳои гурӯҳии гумонбаршудагони ҳамкорӣ бо "Ҳизб-ут-Таҳрир", баста будани маҳбасҳо барои кормандони Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ёд шудааст.

Дар маросими муаррифии гузориши нав, Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Колин Павел гуфт, эҳтироми ҳуқуқи инсон ба ҳайси яке аз рукнҳои бунёдии сиёсати хориҷии Амрико боқӣ хоҳад монд: "Президент Буш ҳимоят ва пешбурди ҳуқуқи инсонро як суннати вижаи Амрико мешуморад ва рушди ҳуқуқи инсонро як бахши таркибӣ ва фаъоли барномаи сиёсати хориҷии худ қарор додааст. Аз ҳамин хотир гузориши солонаи ҳуқуқи башар чизе бештар аз як маълумотнома аст. Ин як василаи ҳаётан муҳими сиёсист."

Дар мавриди дигар роҷеъ ба кишварҳои ОМ дар гузориш гуфта шудааст, ки бо вуҷуди баъзе сабукиҳо дар сиёсати озодии дин, вазъи ҳуқуқи инсон дар ин мамолик ҳамоно бад боқӣ мондааст. Департаменти давлатӣ дар ин робита ба таври хос Ӯзбакистон ва Туркманистонро зикр кардааст.

Дар бахши озодиҳои сиёсӣ дар гузориш нисбат ба Тоҷикистон ҳодисаҳои фишори давлат ба нашрияҳои "Рӯзи нав" ва "Нирӯи сухан", бастани саҳифаи интернетии Додоҷони Атовуллоҳ ва сабти ном накардани ҳизбу ҳаракатҳои мухолифи давлат зикр шудаанд.

Департаменти давлатӣ мегӯяд, вазорати адлияи Тоҷикистон ҳизбҳои Адолатхоҳ, Ваҳдати миллӣ, Ҳизби аграрӣ ва платформаи Теҳрони Ҳизби демократро мамнӯъ эълон карда, аз сабти номи ҳизби навтаъсиси Тараққиёт бо ҳар баҳона худдорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG