Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо Ёқуб Салимов дар Душанбе чӣ хоҳанд кард?



Абдуқайюми Қайюмзод

Андешаҳои сиёсатмадорону таҳлилгарони тоҷик.

Истирдоди Ёқуб Салимов - собиқ вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар як рузи пеш аз Маскав ба Душанбе миёни доираҳои сиёсӣ ва коршиносони тоҷик вокунишҳои мухталифро ба бор овардааст. Ба назари аксари коршиносони тоҷик, таслими Ёқуб Салимов аз суи Русия ба Тоҷикистон бо нақзи ҳуқуқи башар ва меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ сурат гирифтааст.

Коршиносон бо ишора ба беш аз 8 моҳ дар маҳбаси Лефортовои Русия беҳаракат хобидани парвандаи ҷиноии Ёқуб Салимов, вале дар марҳалаи ниҳоии музокироти ҳарду кишвар барои таъсиси пойгоҳи низомӣ ва таъйини мақоми нируҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон ҳал шудани қазияи Ёқуб Салимов таъкид мекунанд, ки тасмими таҳвили Ёқуб Салимов ангезаи сиёсӣ доштааст.

Ба назари Мирҳусейн Назриев - раиси Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон таҳвили Ёқуб Салимов аз тарафи Русия як кори содаву оддӣ набудааст. Ва Русия, ки узви созмонҳои ҷаҳонии бонуфуз мисли СММ ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мебошад, қабл аз таслими Ёқуб Салимов медонист, барои ин амал мувоҷеҳи интиқод ва мазаммати созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ мешавад. Пас меафзояд оқои Назриев, дар миёна кадом чизе арзишмандтар аз обру ва ҳайсияти сиёсии Русия будааст ва ҳифзи ҳамин манфиат Русияро водор ба чунин як иқдоми ғайримунтазира кардааст.

Аъзам Афзалӣ коршиноси мустақили тоҷик мегуяд пофишории мақомоти Тоҷикистон барои овардани Ёқуб Салимов аз Маскав ба Душанбе қабл аз ҳама як намоиши қудрати ҳукумат буд ва Раҳмонов раиси ҷумҳур аз чунин марҳалаи ҳассосе, ки сарнавишти таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар кишвараш бояд ҳал мешуд, тавонист, онро ба манфиати худ истифода кунад: "Фикр мекунам, ки ин бештар мақсади сиёсӣ дорад. Яъне ҳукумати Тоҷикистон шартҳое монда буд ва шартҳоро Русия пазируфт ва Салимов ба Тоҷикистон интиқол дода шуд. Як гап дигар ҳаст, ки "Худиро бизан, то бегона битарсад" ин ҳам мумкин ҷо дошта бошад. Билохира ҳукумати имруза мехоҳад, нишон диҳад, ки вай бар зидди ҷинояткорӣ мубориза мебарад. Аммо ин ҳама чизи бефоида аст, зеро ҷинояткорон дар Тоҷикистон дар кучаҳо мегарданд ва касе ҳам наметавонад онҳоро танқид кунад."

Аммо ба назари Шокирҷон Ҳакимов, ҷомеашиноси мустақили тоҷик доираҳо ва афроди муайяне дар сатҳи олии ҳукумати кишвар ва махсусан пас аз тағйироти кадрии ахири раиси ҷумҳур мехоҳанд, аз обру ва нуфузи Ёқуб Салимов дар интихоботҳои қарибулвуқуи парлумон ва раиси ҷумҳур истифода кунанд. Оқои Ҳакимов бо ишора ба бозгашти дубораи Маҳмадназар Солиев ба вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси ҷумҳур ва ташкили вазифаи муовини аввали раиси Маҷлиси Намояндагон ва интихоби Абдумаҷид Достиев афзуд, ки имкон дорад ҳатто Ёқуб Салимов аз суи раиси ҷумҳур мавриди афв қарор гирад.

Шокирҷон Ҳакимов дар тақвияти ақидаи худ гуфт, мақомоти аввали кишвар дар ҳеҷ сурат наметавонанд, нақши Ёқуб Салимовро ба ҳайси як қумандони аслии Фронти Халқӣ ,ки боиси ба сари ҳукумат омадани онҳо шудааст, фаромуш кунад. Маҳз Ёқуб Салимов буд, ки афзуд оқои Ҳакимов, пирузии Раҳмонов дар интихоботи раиси ҷумҳур дар соли 1994 таъмин шуд.

Ба ҳамин тартиб Ёқуб Салимов нахустин вазири ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов аст, ки аз ҷониби ҳамин ҳукумат барои кушиши табаддулоти давлатӣ ва хиёнат ба ватан ба зиндон кашонида шудааст. Аммо аз афроди шинохтаи кишвар, ки барои касби қудрати Раҳмонов хидматҳо кардаанд, ҳамчунин дар як соли пеш Абдуҷалил Ҳомидов раиси собиқи вилояти Ленинобод, ки дар ташкил ва таъминоти молии иҷлосияи 16 Шурои Олӣ дар тирамоҳи соли 1992 дар Хуҷанд саҳми мустақим дошт ба 18 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ва вай ҳам ба иттиҳомоти мушобеҳе ба айбҳои Ёқуб Салимов ташкили гуруҳҳои ҷиноӣ ва тарҳрезии суиқасд ба ҷони афроди сатҳи аввали давлат муттаҳам дониста мешавад.

Дар ҳоли ҳозир Абдумалик Абдуллоҷонов - собиқ нахуствазири ҳукумати Раҳмонов аз ҷониби мақомот ҷинояткор эълон шуда ва мавриди таъқиб қарор дорад ва дар сурати боздошт уро низ сарнавишти Ёқуб Салимов интизор аст.

XS
SM
MD
LG