Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари истирдоди Ёқубро пинҳон медоранд?



Раҳматкарими Давлат



Алорағми он ки аксари хабаргузориҳо аз истирдоди Ёқуб Салимов, вазири пешини умури дохилаи Тоҷикистон, аз Маскав ба Душанбе хабар додаанд, аммо мақомоти Тоҷикистон то кунун таҳвил гирифтани Ёқуб Салимовро расман эълон накардаанд. Куллияи мақомоти интизомӣ ва шахсиятҳои сиёсии Тоҷикистон бисёр муҳтотона ба ин масъала бархурд мекунанд. Абдусамеъ Додобоев, муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон, мегуяд, ҳатто аз овардани Ёқуб Салимов ба Душанбе хабар надорад.

Дар ҳамин ҳол Абдураҳим Қаҳҳоров, муовини аввали вазири умури дохилаи Тоҷикистон, низ дар ин маврид изҳори беиттилоӣ кард. Аммо Сайидамир Зуҳуров, муовини сарвазири Тоҷикистон дар умури амният ва дифоъ, тамоми руз, ба гуфтаи ёваронаш, машғули машварат бо намояндагони органҳои интизомӣ ва амниятӣ буд ва фурсати мусоҳиба бо матбуотро надошт.

Вале бино ба маълумоти манобеъи ғайрирасмӣ, Ёқуб Салимов шоми рузи гузашта, 24 феврал тавассути парвози муқаррарии Маскав-Душанбе ба пойтахти Тоҷикистон оварда шудааст. Ва ҳамакнун дар боздоштгоҳи таҳқиқоти қаблӣ ба сар мебарад. Ба гуфтаи манобеъи додситонии Тоҷикистон, гуруҳи тафтишотии парвандаи Ёқуб Салимовро шахси додситони кулли Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад. Ва ба гуфтаи ҳамин манобеъ, баррасии парванда оғоз шудааст. Вале маълум нест, ки вазири пешини умури дохила аз хидмати адвокат бархурдор шудааст ё не? Вокуниши созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва ниҳодҳои дигари марбут ба ин гуна қазоё низ то кунун маълум нашудааст.

Аммо боздошти Ёқуб Салимов, нахустин вазири собиқи ҳукумати Тоҷикистон, ки маҳбус мешавад ва он ҳам вазире, ки дар ба қудрат расонидани Эмомалӣ Раҳмонов нақши муҳиме ифо кардааст ва ҳатто уро аз суъиқасд низ дар соли 1997 наҷот додааст, вокунишҳои мухталифе дар ҷомеаи Тоҷикистон ба бор овардааст. Бори дигар достони Ёқуб Салимов дар Тоҷикистон баъди пушти сар шудани ҷанги шаҳрвандӣ вирди забонҳо шудааст.

XS
SM
MD
LG