Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир панҷсола мешавад



Раҳматкарими Давлат

Идомаи гуфтори "Тоҷикистон дар сангари мубориза бо маводи мухаддир"

Аз таъсиси Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон, ки як ташкилоти муштараки ин кишвар ва Созмони Милал мебошад, панҷ сол сипарӣ мешавад. Дар моҳи апрели соли 1999 миёни Тоҷикистон ва СММ як тафоҳумнома дар бораи таъсиси ин оҷонсӣ ва манобеъи таъмини молии он ба имзо расида буд.

Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон ҳудуди 350 корманд дорад, ки аз ҳисоби собиқадорони вазорати интизомии ин кишвар баргузида шудаанд. Ин муассиса вазифаи музориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҳамзамон ҳамоҳангсозии талошҳои ниҳодҳои муборизакунанда бо маводи мухадирро бар уҳда дорад.

Аваз Юлдошев - сухангуи Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон мегуяд - дар ин муддат замон даҳҳо гуруҳи хурду кучаки қочоқбар боздошт ва дар маҷмуъ ҳудуди панҷ ҳазор тонна маводи мухаддир аз ин гуруҳҳо аз ҷониби кормандони оҷонсӣ мусодира шудааст: "Дар тули фаъолияти худ кормандони оҷонсӣ бештар аз 10 гуруҳҳои муташаккилро безарар карданд, ки бо интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон таввасути Тоҷикистон ба кишварҳои муштаракулманофеъ ва баъдан ба кишварҳои Аврупои шарқиву ғарбӣ даст доштанд. Кормандони оҷонсӣ бештар аз 5 тонна маводи мухаддирро мусодира намуданд, ки беш аз 4 тоннаи онро героин ташкил медиҳад."

Ба гуфтаи сухангуи Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон, тайи чанд соли охир тамоюли рузафзуни мизони боздошти гуруҳҳои қочоқбар ва мусодираи маводи нашъадор мушоҳида мешавад. Ҳар моҳ ва ҳар сол назар ба солу моҳи гузашта мавод ва афроди бештаре боздошт мешавад.

Дар мавриди сабабҳои ин ҳол оқои Юлдошев мегуяд: "Дар соли 2003 нисбат ба соли 2002 бештар аз 30 фоиз истеҳсоли маводи мухаддиро афзуданд. Ва тавлидоти маводи мухаддир дар минтақаи Бадахшони Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз мебошад, дар соли гузашта бештар аз 55 фисад афзудааст. Мувофиқи пешгуии ҳам коршиносони мо ва ҳам коршиносони байналмилалӣ дар соли равон низ интизор меравад, ки кишти хашхош ва тавлиди маводи мухаддир, аз қабили афюн ва героин қариб 20 фоиз афзоиш ёбад."

Ҳамин тавр бо афзоиши майдони кишт ва тавлиди мухаддирот дар Афғонистон мизони боздошти ин мавод дар Тоҷикистон афзоиш меёбад ва ба назари кормандони Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир дар соли равон низ интизор меравад маводи зиёдтаре дар Афғонистон тавлид шавад. Ва дар тули панҷ соли гузашта ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дар маҷмуъ 45 то 50 тон маводи мухаддир кашф ва забт кардаанд.

Ба гуфтаи масъулини Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон бо таъсиси ин муассиса ҳамчунин кори назорат бар афроди муътод ва тарғиботи зидди нашъамандӣ низ ба танзим даромадааст. Як бахши муҳими фаъолияти ин муассиса аз амалӣ намудани барномаи зидди нашъамандӣ дар миёни аҳолӣ мебошад.

Хонум Назира Додихудоева - сарнозири Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир дар умури муносиботи ҷамъиятӣ теъдоди ашхоси муътод назар ба ҳамин давраи соли гузашта камтар ба қайд гирифта шудааст, вале дар маҷмуъ теъдоди ин гуна ашхос назар ба чанд соли пеш бисёр афзоишро нишон медиҳад.

Ба гуфтаи хонум Додихудоева, идораи онҳо дар таблиғоти зидди нашаъмандӣ аз усулҳо ва роҳҳои мухталиф истифода мекунад. Аз ҳамкорӣ бо ашхоси бонуфуз ва руҳониёни ва муллоҳои маҳаллӣ мегуяд у дар ин замина натиҷаи хубе ба даст додааст.

Сухангуи Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон мегуяд, ахиран намояндагии ин муасиса дар Афғонистон низ фаъол шудааст. Ба гуфтаи оқои Юлдошев вазифаи афсароне, ки феълан дар Афғонистон фаъолият мекунад, барқарор кардани робитаи Оҷонсӣ бо ниҳодҳои зиддахли он кишвар ва дар оянда барномарезии амалиётҳои муштарак бар зидди гуруҳҳои қочоқбар ва тавлидгоҳҳои маводи мухаддир аст. Дар дохили Афғонистон ба маълумоти Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон то 500 корхонаи тавлиди ҳероин амал мекунад.

Аммо масъалае, ки ҳамакнун пешоруи ин муассиса истодааст, сармоягузории барномаҳои он дар зарфи солҳои оянда мебошад. Ин оҷонсӣ зарфи се соли аввали фаъолияташ аз ҷониби СММ сармоягузорӣ шуда ва баъд ҳам бо мусоидати СММ кишварҳо ва созмонҳои кумакрасон ин муассисаро бо васоил ва восита таъмин кардаанд. Вале маълум нест, ки бо анҷом шудани барномаи навбатии мавриди иҷро дар заминаи сармоягузории фаъолияти ин муассиса СММ ва кишварҳои кумаккунада ба ин барнома идома хоҳанд бахшид ё не. Дар сурати коҳиши сармоягузории фаъолияти ин оҷонсӣ таъбан кори он заиф хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG