Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳити олудаву ифлоси зисти кишварҳои Осиёи Марказӣ



Мирзонабии Холиқзод

Намояндагони панҷ кишвар роҳҳои покизатар кардани муҳити зисти минтақаро баррасӣ мекунанд.

Намояндагони ниҳодҳои муҳитзистии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбакистон ва Тоҷикистон ба хотири зарурати беҳбуди устувори экологияи минтақа новобаста аз мавқеи сиёсии ҳукуматҳо дар шаҳри Душанбе ҷамъ омаданд. Кормандони созмонҳои байналмилалии муҳитзистӣ низ дар ин нишаст ширкат доранд.

Таъсиси фазои ягонаи иттилоотӣ, дастрасии мардум ба саҳифаҳои интернетии соҳаи муҳитзистӣ, мусоидати кишварҳои поёноб ба давлатҳои саргаҳои манобеъи оби Осиёи Марказӣ ҷиҳати покӣ ва тозагии оби ошомиданӣ, амнияти захоирии об аз эҳтимоли пайвастани маводи заҳрогин ва партобҳои радиоактив ба оби ошомиданӣ аз масоили муҳими ин ҳамоиш мебошад. Интизор меравад дар зарфи ду руз гуруҳҳои корӣ асноди лозимаро барои ҳалли мушкилот таҳия намуда, баъдан ба мақомоти аршади кишварҳои худ пешниҳод шаванд."

Ноиби вазорати муҳити зист ва ҳолатҳои изтирории Қирғизистон Конач Ҷонузоқов мегуяд, Тоҷикистону Қирғизистон дар саргаҳи захоири оби Осиёи Марказӣ қарор доранд, бояд дар масъалаи таъмини кишварҳои поёноб бо оби тозаи ошомиданӣ чораҳо ҷуянд ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти масъули ин кишварҳо роҳии ҳаллро пайдо кунанд. Беш аз 10 соласт, ки кишварҳои минтақа барои ҳалли ин масъала кушиш мекунанд, вале масоили сиёсӣ ва мавқеи сиёсии кишварҳои ба ин имкон намедиҳад. Вай меафзояд: "Ба назари ман ин масъалаҳо аз лиҳози сиёсӣ бояд ҳалли худро пайдо кунанд, ҳамин ки ҳалли сиёсии худро пайдо намуданд, мушкилоти дигар ба монанди таъмини тарҳҳо бо маблағ ва масъалаҳои дигар осон ҳал мешаванд. Аз ин ру лидерони ин кишварҳоро мебояд, аз ин дидгоҳ ба масоили мавҷуд назар кунанд."

Кишварҳои Осиӣси Марказӣ дар соли 2001 дар як нишаст ҷиҳати ҳалли мушкилоти муҳитизистӣ дар минтақа 26 тарҳро омода карда, барои маблағгузорӣ ба бонкҳо ва созмонҳои байналмилалӣ пешниҳод намуданд. Аммо то кунун маблағгузор пайдо нашуд ва зарурат пеш омад, ки ин тарҳҳо кам шуда, ба 8 барнома оварда шавад. Яке аз барномаи муҳиме, ки ҳалли ҳатмии худро тақозо мекунад, бартараф намудани таҳдиди партобҳои радиоактиви як кишвар ба муҳити зисти кишвари ҳамсоя мебошад.

Қурбон Кабудов - коршиноси Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон дар идомаи ин мавзуъ мегуяд: "Масалан партовҳое, ки баъди истихроҷи канданиҳои фоиданок мебароянд. Таъсири партовҳои як ҷумҳурӣ ба муҳити зисти кишвари дигар мерасад. Ҳаст дар Тоҷикистон, ки ба Қирғизистон зарар мерасонад. Ҳаст дар Бекободи Узбакистон, ки ба Тоҷикистон ниҳоят зарари бад мерасонад."

Дар нишасти мазкур намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар ба зарурати таъсиси як шабакаи иттилоъгузорӣ роҷеъ ба вазъи ҳамарузаи муҳити зист таъкид намуданд. Дар ҳоли ҳозир тарҳи чунин як шабака омода шудааст ва пас аз тасмими ниҳоии иштирокдорони нишаст ба хотири дастрасии ҳама ба он дар саҳифаи интенетӣ таҳти унвони "Карест нет" гузошта мешавад.

XS
SM
MD
LG