Пайвандҳои дастрасӣ

Дар роҳҳои Бадахшон 90 тан ҳалок шудааст



Файзи Мирҳасан



Сокинони маркази ноҳияи Ишкошим ҷасади ду тан аз ҳамдеҳагонашро, ки бар асари тармафуроӣ дар Хоруғ-Душанбе ба ҳалокат расиданд, пас аз ду ҳафта масофаи беш аз 60 километрро пиёда тай намуда, ба манзил расониданд. Роҳи Ишкошим-Хоруғ ду моҳ боз баста аст.

Камбуди сузишворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ барои техникаю механизмҳо ва напардохтани ҳаққи худи роҳсозон боиси зуд-зуд басташавии роҳҳо дар дигар самтҳои вилоят мегардад. Роҳбарони "Бадахшонроҳ" аз оғози фасли тобистон аз расонаҳои ҳукуматии минтақа омода будани корхонаашонро ба фасли зимистон эълом медоранд, аммо бо расидани фасли сармо ва пайдо шудани абрпорае дар осон роҳҳо вайрону валангор гашта, мунҷар ба ҳалокати даҳҳо нафар мусофирон мегардад. Танҳо дар чаҳор соли наздик 90 нафар ҷони худро дар ин роҳҳои нимвайрон ва хатарнок аз даст додаанд.

XS
SM
MD
LG