Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барқи Тоҷик ва РАО ЕЭС ба мувофиқа расиданд



Мирзои Салимпур



Бар асоси тавофуқи бадастомада дар ҷараёни музокироти вазорати энержии Тоҷикистон ва як ҳайъати эъзомии ширкати РАО ЕЭС, умдатарин тавлидкунанда, фурушанда ва харидори нируи барқи Русия, Тоҷикистон тобистони соли оянда ба вилоятҳои ҷануби Русия ҳудуди 1 миллиарду 400 милён киловатт-соат нируи барқ содир мекунад.

Қарордоди марбута байни вазорати энержии Тоҷикистон ва ширкати "Интер РАО ЕЭС", масъули равобити байналмилалии ширкати РАО ЕЭС шоми ҷумъа дар пойтахти Тоҷикистон ба имзо расид.

Вазири энержии Тоҷикистон Ҷурабек Нурмуҳаммадов ба хабаргузории "Итар-Тасс" гуфтааст, содироти ин миқдори нируи барқ асосан аз ниругоҳи Норак сурат хоҳад гирифт. Аммо ба гуфтаи ҷониби Душанбе, ин танҳо пешнависи як созишномаи ниҳоӣ буд, ки низ бояд дар зарфи даҳ рузи дигар имзо шавад. Оқои Нурмуҳаммадов гуфт, дар ин муддат бояд чанде аз ҷузъиёти бозмондаи тарҳи ин созишнома байни Тоҷикистону Русия мувофиқат шаванд.

Вазири энержии Тоҷикистон ҳамчунин хабар дод, ки ширктаи РАО ЕЭС масъулияти бо мақомоти Қазоқистону Узбакистон ҳал кардани масъалаи транзити нируи барқи Тоҷикистон ба Русияро бар уҳдаи худ гирифтааст. Тобистони гузашта Тоҷикистон барои бори аввал ба содироти нируи барқба Русия шуруъ намуда буд ва дар зарфи каме бештар аз як моҳ ба он кишвар ҳудуди 190 миллион киловатт-соат нируи барқ фурухт.

XS
SM
MD
LG