Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз қочоқи маводи мухаддир ҷилавгирӣ карданд



Мирзои Салимпур



Мақомоти милисаи нақлиёти Тоҷикистон дар истгоҳи роҳи оҳани Пахтаобод аз кушиши қочоқи 4 кило ҳероин пешгирӣ кардаанд. Маъмурон интизомӣ гуфтанд, як нафари қочоқбар бо чунин миқдори маводи мухаддир шаби ҷумъа ба шанбе дар ин минтақаи бо Узбакистон ҳаммарз ба даст афтодааст.

Сардори милисаи нақлиёти Тоҷикистон полковник Ҷурахон Зоиров ба "Итар-Тасс" гуфтааст, маъмурони милиса 4 кило ҳероинро аз дохили мошини сабукрави қочоқбар пайдо кардаанд, Қочоқбари боздоштшуда дар пай иқрор кардааст, ки мехост ин миқбори маводи мухаддирро тавассути қатори роҳи оҳан ба Русия бифиристад.

XS
SM
MD
LG