Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Наҷоти кудакон" тарҳи нав татбиқ мекунад



Ҷалолиддини Фарҳодӣ



Созмони амрикоии "Наҷоти кӯдакон" аз зумраи ташкилотҳои байналмилалист, ки солҳои тулонӣ дар минтақаи Кулоб фаъолият дорад. Аз соли 1995 то ин дам даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми камбизоат аз ин созмон кумаки ғизоӣ ва дорувор гирифтаанд.

Ин созмон тасмим гирифтааст, дар водӣ барномаи ҷадиди "Ғизо бар ивази меҳнат"-ро пиёда кунад. Коршиносон мегуянд, барномаи нав мусоидат мекунад, ки афроди камбизоат ба кумакҳои ройгон одат накунанд ва ба истилоҳ ин созмон "ба мардум дигар моҳӣ намедиҳад, аммо моҳидориро меомузонад".

Дар ҳамин маврид, тибқи барномаи "Ғизо бар ивази меҳнат" дар 90 деҳаи минтақа 2500 оила бо шумули 10000 нафар ба кор фаро гирифта шудаанд. Роҷеъ ба мавзуъ Тағоймурод Самиев - роҳбари барномаи хуроквории созмони "Наҷоти Кудакон" меафзояд: "Ҳоло мо ба 2500 оила олоти меҳнат, тухмии гандум, тухмии картошка ва пиёз медиҳем. Ҳар оила тавассути 15 сотихи замин ёрии амалии худро мегирад. Онҳо дар 10 сотих замин гандум кишт мекунанд. Дар 5 сотихи дигар ё тухми картошка ва ё тухми пиёз мекоранд."

Охири ҳафтаи корӣ ҳар хоҷагӣ 3 кило орд, 200 грам равған ва 300 грам шири хушк мегирад. Ва аммо ғараз аз тақсими тухмии гандум, картошка ва пиёз рӯи кор овардани хоҷагиҳои муфлисшуда аст: "Мақсади ҳамин барнома аз чӣ иборат аст? Оилаҳои камбизоат ба воситаи участкаҳои наздиҳавлигӣ кумак гирифта, худашон дар соли оянда такрористеҳсокуниро васеъ мекунанд. Зеро онҳо соли оянда аз мо ягон ёрдам намегиранд. Вайҳо бояд, ки аз ҳисоби заминашон тухмӣ захира кунанд, аз фуруши маҳсулот доруҳои кимиёвӣ бихаранд, олоти меҳнатро истифода баранд."

Тибқи барномаи "Ғизо бар ивази меҳнат" созмони "Наҷоти кудакон" аз ҳосили руёнида чизе намегирад. Аммо кумакҳоро барои мардуми камбизоат қатъ мекунад. Соли дигар одамони нав кумак мегиранд. Коршиносон мегуянд, ин намуди кор имкон медиҳад, ки дар водӣ хоҷагиҳо ба истилоҳ рӯи по шаванд. Ба забони дигар созмони амрикоӣ ба ҳар як кишоварз як шанси хуб медиҳад, то хоҷагии худро аз вартаи буҳрон берун кашад.

XS
SM
MD
LG