Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Азимов:"Марзбонони рус ин ҷо мемонанд"



Искандари Хоҷа Мирзода



Раиси Кумитаи давлатии ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон дар суҳбат бо хабаргузории "Итар Тасс" гуфтааст, ки марзбонони Русия то абад дар Тоҷикистон боқӣ мемонанд. Ба қавли генерал-лейтенант Абдураҳмон Азимов гузоришҳои расонаҳои хориҷиву Русия оиди тақозои хуруҷи марзбонони Русия аз сарҳади Тоҷикистону Афғонистон беасос мебошанд.

Абдураҳмон Азимов бовар дорад, ки ин гуна овозаҳоро душманони Русияву Тоҷикистон паҳн мекунанд, то дар байни ду кишвари дуст ва шарики стратегӣ ихтилоф эҷод намоянд. "Итар Тасс" менависад, ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе Абдураҳмон Азимов бо Александр Манилов муовини раиси хадамоти марзбони Хадамоти федералии Амнияти Русия вохурд.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи давлатии ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон дар музокирот масъалаҳои таҳкими ҳамкории ду ҷониб дар ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон ва таълими марзбонони тоҷикистонӣ дар омузишгоҳҳои низомии Русия баррасӣ шуд.

Абдураҳмон Азимов қотеъона гуфтааст, ки масъалаи таслими назорати кадом бахши марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон ба уҳдаи марзбонони Тоҷикистон дар ягон шакл арзёбӣ нашудааст. Аммо дар арафаи сафари ҳайъати марзбонони Русия ба Тоҷикистон ва дар ҷараёни музокироти ду ҷониб баъзе аъзои ҳайъати Тоҷикистон аз ҷумла муовини раиси Кумитаи ҳифзи марз Нуралишо Назаров таъкид карда буд, ки Тоҷикистон ҳозир аст 600 километри марзи Тоҷикистону Афғонистон ба вижа аз минтақаи Мурғоб то Шуроободро ба дасти худ гирад.

XS
SM
MD
LG