Пайвандҳои дастрасӣ

Ифротии узбак шиносномаи тоҷикӣ доштааст



Тоҳири Сафар



Мақомоти Озарбойҷон як узви Ҳаракати Исломии Узбакистонро ба ватанаш истирдод карданд. Вазорати умури дохилаи Озарбойҷон 19 феврал гуфт, Рустам Болтабоевро бо талаби Тошканд ба кишвараш таслим карданд.

Ҷолиб ин аст, ки Болтабоев бо шиносномаи тоҷикӣ дар марзи Эрону Озарбойҷон боздошт шудааст. Номи уро дар шиноснома Фирдавс Амиршоев навиштаанд. Ҳукумати Узбакистон мегуяд, Болтабоев дар бомбгузории соли 1999 дар Тошканд, ки 16 кушта ва 100 захмӣ бар ҷой гузошта буд, даст дорад.

XS
SM
MD
LG