Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавкат Исмоилов тарҳи нави қонуни интихоботро хуш надорад



Абдуқайюми Қайюмзод

Вай муаллифони ин тарҳро популист ва манфиатҷу медонад.

Шавкат Исмоилов - раиси Кумитаи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар умури ҳуқуқ, амният ва дифоъ тарҳи пешниҳодии қонуни интихобот аз суи аҳзоби сиёсии кишварро як тарҳи популистӣ ва ғайриқобили қабул унвон кард. Шавкат Исмоилов ин суханонро дар маҳфили мубоҳисоти сиёсие, ки бо ибтикори Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон ва пуштибонии Дафтари мусоидат ба сулҳи Созмони Милали Муттаҳид дар маркази ноҳияи Ҳисор бисткилометрии ғарби Душанбе рузи 19 феврал доир гардид, эълом дошт.

Оқои Исмоилов гуфт, ин тарҳ бидуни назардошти шароити феълии Тоҷикистон ва бештар дар заминаи манофеи ҳизбӣ омода шудааст: "Ман фикр мекунам, ки на ҳамаи таклифҳоро бечунучаро қабул кардан мумкин аст. Масалан дар мавриди 120 депупат, дар ин ҳоли кишвар чӣ гуна метавон барои ин миқдор депутат маблағ ҷудо кард. Пешниҳод шудааст, ки дар парлумон 50 фоиз, яъне 60 нафар аз аъзои ҳизбҳо ворид шаванд, аммо ба андешаи ман қонуни феълӣ ин масъаларо хубтар ва демократитар ҳал кардааст, барои он ки қонун 35 нафар муайян кардааст."

Аммо Раҳматулло Зоиров - раиси Ҳизби Сотсиал - Демократ ва яке аз муаллифони лоиҳаи Қонуни интихобот мегуяд, тарҳи мазкур бо такя ба Қонуни асосии кишвар, ки низоми мардумсолорӣ ва фаъолияти озоди аҳзобро кафолат додааст ва инчунин дар асоси омузиши таҷрибаи мамолики мутараққии олам таҳия шудааст: "Барои 36 ҳазору 200 корманди вазорати умури дохила маблағ ёфт мешавад, вале барои 30 ё 40 каси иловагӣ дар парламент маблағ ёфт намешавад. Ин тамоман нодуруст аст. Аз дигар тараф таҷрибаи байналмилалӣ нишон додааст, ки ҳар парламенти кишваре, ки аз 100 кас камтар аст, вай қариб, ки ҳамаи функсияҳои худро иҷро карда наметавонад."

Вале Шавкат Исмоилов ба пешниҳоди ташкили парлумон аз рӯи меъёри панҷоҳ фоиз аз аҳзоби сиёсӣ ва панҷоҳ фоиз аз ҳисоби вакилони мустақил розӣ нест ва бо ишора ба нуфуз ва нақши муассири Ҳизби ҳокими Халқӣ Демократӣ дар ҷомеа онро як даъвои ноҷо ва носанҷида арзёбӣ мекунад. Дар ҳамин ҳол Муҳаммадалӣ Ҳаитов - раиси бахши кадрҳо ва омузиши сиёсии Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон - яке дигар аз ширкатдорони ин маҳфил аз он изҳори нигаронӣ кард, ки лоиҳаи пешниҳодшуда то ба ҳол на аз ҷониби парлумон ва на аз ҷониби ҳукумат баррасӣ нашудаст. Оқои Ҳаитов бар ин назараст, ки давлат ҷараёни баррасӣ ва тасвиби тарҳи Қонуни интихоботро қасдан ба таъхир меандозад, зеро меафзояд вай, дар ин тарҳ манфиати давлат мавриди эътибор қарор нагирифтааст.

Оқои Ҳаитов намояндаи ҲНИТ гуфт, азбас маъракаи раъйпурсии ислоҳоти Қонуни асосӣ, ки бар манфиати давлати феълӣ буд, бидуни дирангу таъхир ва дар як фурсати кутоҳ баргузор гардид. Ёдовар мешавем, тарҳи нави Қонуни интихоботро гуруҳи кории муташаккил аз намояндагони аҳзоби сиёсии расмӣ ва коршиносони созмонҳои байналмилалии фаъол дар Душанбе назири Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид омода ва дар охири тобистони соли гузашта ҷиҳати баррасӣ ба парлумон ва ҳукумат пешниҳод карда буданд.

Аммо норушании сарнавишти ин тарҳ боиси баҳси гарми мудавоме миёни аҳзоби сиёсии мухолиф ва давлати Тоҷикистон шудааст. Вале Шавкат Исмоилов - раиси кумитаи ҳуқуқ, амният ва дифои Маҷлиси Намояндагон гуфт, ки то ду ҳафтаи дигар сарнавишти тарҳи Қонуни интихобот ва вокуниши парлумон ба он муайян хоҳад шуд. Зеро афзуд оқои Исмоилов, аъзои фраксияҳои Ҳизби Коммунист ва Ҳизби Наҳзати Ислом дар Маҷлиси Намояндагон бо истифода аз ҳуқуқи ибтикори қонунгузорӣ ин тарҳро расман ба шӯъбаи ҳуқуқи парлумон супоридаанд.

XS
SM
MD
LG