Пайвандҳои дастрасӣ

Музокирот доир ба пойгоҳи Русия анҷом ёфт



Мирзонабии Холиқзод



Полковник Заробиддин Сироҷев, масъули дафтари матбуоти вазорати дифоъи Тоҷикистон, 18 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳайъати вазорати дифоъи Русия таҳти сарварии Алберт Дружинин, намояндаи вазорати дифоъи ин кишвар пас аз гуфтушуниди чандруза бо намояндагони мақомоти вазорати дифоъи Тоҷикистон ба ин натиҷа расиданд, ки дар Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбии Русия бунёд шавад.

Оқои Сироҷев афзуд, ин гуфтушунид тайи чанд соли ахир идома дошт ва мавзуи таъсиси пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон зери суол буд, аммо музокираи ахир таъйин намуд, ки дар заминаи фирқаи 201-уми Русия мустақар дар Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбӣ таъсис дода мешавад. Ба қавли у, чанд масъалаи ҷузъӣ марбут ба фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва наҳвии пойгоҳ вуҷуд дорад, ки дар ояндаи наздик ҳаллу фасл хоҳанд шуд.

Дар робита ба ин мавзуъ вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев мегуяд, яке аз мавзуъҳои мавриди баҳси ду ҷониб, масъалаи замин барои ҷойи пойгоҳ мебошад. Ҷониби Русия аз Тоҷикистон 15 ҳектор талаб дорад, вале шаҳрдории Душанбе ҳамагӣ 11 ҳектор замин дар атрофи маҳаллаи Гипроземи пойтахт ҷудо намудааст.

Оқои Хайруллоев меафзояд, масъалаи фароҳам намудани заминаи ҳуқуқии мақоми пойгоҳ аз масоили дигар мебошад, ки дар гуфтушунидҳои ояндаи ҳайъатҳои ду ҷониб ҳал хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG