Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи скинхедҳои русро шуруъ мекунанд



Тоҳири Сафар



Интизор меравад, додгоҳи минтақавии Новосибирск муҳокимаи гуруҳи скинхедҳои руси мутаҳҳам дар латукуб ва тороҷи муҳоҷирони тоҷику узбакро оғоз кунад. Дар ин бора ба хабаргузории "Итар Тасс" додраси ин минтақа Лариса Хуб хабар додааст.

Қарор буд даври нави ин муҳокима 12 феврал баргузор шавад, аммо тавре "Итар Тасс" менависад, бинобар саргарми дигар парвандаҳо будани додситону додрасҳо даври нави муҳокима ба таъхир афтод.

Гуруҳи мазкур моҳи октябри соли гузашта бо шиори "аз Сибир дафъ шавед" муҳоҷирони тоҷик ва узбакро латукуб ва ғорат карда буданд. Яке аз муҳоҷирон аз дасти онҳо 18 корд хурда, вале ҳалок нашудааст. Ёдовар мешавем, як гуруҳи скинхедҳои рус дар шаҳри Санкт-Петербург 9 феврал духтараки нуҳсолаи тоҷик Хуршеда Султоноваро бо 11 зарби корд кушта буданд.

XS
SM
MD
LG