Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Суғд гуруҳи 22 нафариро боздошт карданд



Маъсум Имомов



Бисту ду сокини шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо иттиҳоми фаъолият дар созмони мамнуъшудаи "Ҳизб-ут-таҳрир" боздошт карданд. Дар ин бора Азиз Дабуров - сарвари шуъбаи тафтишоти ҷиноятҳои махсусан вазнини додситонии Суғд хабар дод. Вай гуфт, 14 тан аз гумонбаршудагон ба узвияти "Ҳизб-ут-таҳрир" вақти ҷамъомад дар як чойхонаи шаҳри Хуҷанд ва 8 фарди дигар зимни амалиёти вижаи мақомоти амниятиву ҳифзи ҳуқуқи Суғд дар ҷойҳои дигари шаҳр боздошт шуданд.

Ба гуфтаи Азиз Дабуров, аз ҷойҳои ҷамъомад, кор ва манзилҳои боздоштшудаҳо варақаву адабиёти тарғиботӣ ёфт ва мусодира шудааст. Ҳамин манбаъ афзуд, нисбати ин қазия раёсати вазорати амнияти Тоҷикистон дар вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

XS
SM
MD
LG