Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азимов: "Мо омодаи ҳифзи марзи хеш ҳастем"



Тоҳири Сафар



Абдураҳмон Азимов - раиси Кумитаи марзбонии Тоҷикистон ба хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" гуфтааст, кишвараш омодааст ҳимояти марзи хеш бо Афғонистонро бар уҳда бигирад.

Қисмати зиёди марзи Тоҷикистону Афғонистон аз соли 1993 инҷониб зери назорати марзбонони рус аст, ва тавре Абдураҳмон Азимов гуфтааст, муддати 11 сол барои марзбонони тоҷик кофӣ буд, ки неруманд шаванд ва ҳимояти марзи тоҷику-афғонро бар уҳда бигиранд.

Тайи чанд рузи гузашта мақомоти тоҷику рус масъалаи бар уҳдаи посбонони тоҷик гузоштани ҳифзи марз баррасӣ шуд, вале ҷузъиёти ин музокирот ошкор нашудааст.

XS
SM
MD
LG