Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худдории муҳоҷирони афғони муқими Тоҷикистон аз бозгашт ба ватан



Абдуқайюми Қайюмзод

Мушкилот дар амният ва иқтисод сабаби парҳези муҳоҷирин аз бозгашт ба Афғонистон шудааст.

Масъулини Камиссариёи олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон дар Душанбе мегуянд, раванди бозгашти муҳоҷирини афғони муқими Тоҷикистон ба ватан дар як соли ахир ба маротиб коҳиш ёфтааст.

Катя Штрох - мушовири масоили ҳуқуқии Камиссариёи олии СММ дар Тоҷикистон - гуфт, намояндагии онҳо, ки бештари фаъолияташ барои мусоидсозии шароити зиндагӣ ва ҳамзамон бозгардонии паноҳандаҳо рабт мегирад, ба ҳар хонавода ва ё афроди алоҳидаи афғони муҳоҷири муқими Тоҷикистон имконоти бозгашт ба ватанро фароҳам хоҳад кард.

Хонум Штрох ҳамзамон таъкид кард, ки иллати коҳиши ҷараёни бозгашти муҳоҷирини афғон дар ҳеҷ сурат ба ҳукумати ин кишвар иртибот надорад. Бештари ин паноҳандаҳо ба далоили мушкилоти шахсӣ аз бозгашт ба ватани худ парҳез мекунанд: "Мо наметавонем ҳоло дақиқан бигуем, ки раванди бозгашти паноҳандаҳои афғони муқими Тоҷикистон ба ватан дар оянда бештар хоҳад шуд ва ё баръакс. Аммо агар дар муқоиса бо солҳои пешин бигуем, масалан дар соли гузашта бо мусоидат ва кумаки Камиссариёи олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон 813 муҳоҷири афғон аз Тоҷикистон ба ватан бозгаштааст, вале дар соли 2003 бошад, ин рақам то 143 коҳиш ёфтааст".

Аксари афғонҳои муҳоҷири Тоҷикистон, ки умдатан ба тиҷорат машғул астанд, адами амният, набуди шароити пешбурди кору зиндагӣ, ҳокимияти туфанг ва мавҷудияти гуруҳҳои боқимондаи Толибон ва Ал-Қоидаро дар Афғонистон аз авомили аслии таъхир дар амри бозгашт ба ватан меҳисобанд.

Хонум Салмо Фархорӣ, як тан аз занони паноҳандаи афғон, ки тайи чанд муддат дар бахши бурунмарзии Радиои Тоҷикистон кор кардааст, иллати аслии мавқуф гузоштани бозгашташро ба ватан ин гуна арзёбӣ кард: "Вақте ки мо мутмаин нашавем, ки дар он ҷо як оромии воқеъӣ дар Афғонистон нашавад, мо наметавонем, ба Афғонистон баргардем."

Ва аммо Маҷдуддини Наҳзат - раиси як созмони иҷтимоии муҳоҷирини афғон мавсум ба Кумитаи паноҳандагон, ки дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Бурҳонуддини Рабонӣ фаъолият дошта ва ба думболи фишор ва таъқиби Толибон дар соли 1998 кишварашро ба қасди Тоҷикистон тарк кардааст, гуфт, ҳоло интизор аст, ки интихоботи раиси ҷумҳур дар Афғонистон ба чӣ натиҷа мерасад: "Чанд теъдод мардум аст, ки ба далелҳои гуногун ба Афғонистон рафта наметавонанд. Иддае ба он хотир намераванд, ки амнияташон таъмин нест, як теъдод мушкили иқтисодӣ доранд, як теъдод мушкили таҳсили тифлову фарзандои худро фикр мекунанд. Мумкин баъди интихоботи президентӣ шароит барои мо танзим шаваду пеши ру як рушанӣ шаваду як теъдод мардум баргарданд."

Аммо Муҳаммад Довуди Панҷшерӣ - сафири давлати Афғонистон дар Тоҷикистон - ба ин ақидаҳо розӣ нест. Вай гуфт, феълан дар Афғонистон, авзоъи сиёсӣ ором аст ва ҳеҷ яке аз афроди паноҳанда бо далоили он ки дидгоҳи муғойир ва ё мавқеи сиёсӣ хилоф бо давлат дорад, мавриди таъқиб қарор нахоҳад гирифт.

Мусоҳиби мо афзуд, ки дар ҳоли ҳозир тибқи омори тахминӣ теъдоди паноҳандаи афғон дар Тоҷикистон ба 2000 мерасад. Аммо аз ин теъдод шояд бархе битавонистанд дар Тоҷикистон як зиндагии беҳтар аз имрузи Афғонистонро дуруст карданд, шояд бархеи дигар дар ватан манозили зисти худро аз даст додаанд ва шояд афроде низ ҳастанд, ки бо илали хусумати шахсӣ аз ин имконот маҳрум шудаанд. Вале дар ҳеҷ сурат давлати феълӣ касеро бо ангезаи сиёсӣ аз ҳаққи бозгашт ва зиндагӣ дар ватан маҳрум насохтааст.

Ба ин тартиб ба назари Катя Штрох - мушовири масоили ҳуқуқии Камиссариёи Олии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон - дар ҳоли ҳозир чанд омиле вуҷуд дорад, ки ҷараёни бозгашти муҳоҷирини афғони муқими Тоҷикистонро ба ватан ба кундӣ ру ба ру кардааст. Аввал адами эътимод ба таъмини амният дар дохил, дуввум, нақзи ҳуқуқи башар ва ниҳоят интихоботҳои қарибулвуқуи раиси ҷумҳур ва парлумон дар Афғонистон.

XS
SM
MD
LG