Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони тоҷику рус ҳануз ҳам баҳс доранд



Раҳматкарими Давлат



Генерал Александр Манилов баъди мулоқоташ бо мақомоти Кумитаи марзбонии Тоҷикистон гуфт, зимни ин мулоқот масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба барасӣ шудааст. У гуфт марзбонони Русия ва Тоҷикистон аз ин ба баъд низ ба ҳимояти муштараки марз идома медиҳанд. Генерал Манилов афзуд, масъалаи бознигарии шароити созишномаи миёни Русия ва Тоҷикистонро дар бораи ҳимояти марзҳои Тоҷикистон зимни ин мулоқот баррасӣ накардаанд.

У таъкид кард, ки ин як масъалаи байнидавлатист ва бояд дар сатҳи ҳайъатҳои давлатӣ ва вазорати умури хориҷа баррасӣ шавад. Генерал Манилов ҷузиёти бештари мулоқоташро бо мақомоти Кумитаи марзбонии Тоҷикистонро шарҳ надод. Ин дар ҳолест, ки расонаҳои хабарӣ тайи чанд рузи охир ҳадафи аслии сафари муовини фармондеҳи нируҳои марзбонии Русия ба Тоҷикистонро баррасии ҷузъиёти созишномаи миёни ду кишвар дар барои ҳимояти марзҳо эълон кардаанд.

Аммо Нуралишо Назаров - фармондеҳи ситоди неруҳои марзбонии Тоҷикистон, ки ба гусели генерал Манилов баромада буд ва ҳамеша бо майли том бо матбуот суҳбат мекард, низ аз мулоқот бо хабарнигорон ва шарҳи ҷузъиёти гуфтугуҳои имруз худро барҳазар дошт. Генерал Назаров борҳо масъалаи ба ихтиёри неруҳои марзбонии Тоҷикистон вогузор шудани марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро матраҳ карда ва ташаббускори бознигарии созишномаи миёни Русия ва Тоҷикистон дар ин замина унвон мешавад.

Ба ҳамин тартиб маълум нест, ки комиссияи муштараки ду кишвар низ, ки ҷиҳати бознигарии шароити созишнома таъсис шуда буд, даври музокироти худро доир хоҳад кард ё не. Барномаи баъдии боздиди генерал Манилов дар Тоҷикистон ва хусусан мулоқоти у роҳбарони дигари ин кишвар маълум нест.

XS
SM
MD
LG