Пайвандҳои дастрасӣ

Ду узви "Ҳизб-ут-таҳрир" боздошт шудааст



Тоҳири Сафар



Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳабси ду нафар бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнуъшудаи "Ҳизб-ут-таҳрир" хабар дод. Ба гуфтаи кормандони ин вазорат гумонбарон дар вилояти Суғди Тоҷикистон китобу шабномаҳои ин ҳизби ифротиро, паҳн мекарданд, ки дар онҳо мардум ба ташкили хилофат дар Осиёи Марказӣ давъат мешавад.

Бино ба иттилоъи хабаргузории "Итар Тасс" аз боздоштшудагон сад адад китоб ва шумораи зиёди варақаҳои тарғиботӣ мусодира шудааст. Тибқи омори расмӣ дар зарфи чаҳор соли гузашта дар Тоҷикистон 130 нафарро бо гуноҳи узвият дар "Ҳизб-ут-таҳрир" зиндонӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG