Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иванов масъалаи пойгоҳро ҳалшуда медонад



Салими Аюбзод



Вазири дифоъи Русия гуфт, кишвараш дар Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбӣ бунёд хоҳад кард. Сергей Иванов гуфтааст, масъалаи пойгоҳи ҳарбӣ, ки музокироти дуҷониба дар мавриди он ба кундӣ пеш меравад, дар якҷоягӣ бо маркази назорати кайҳонӣ дар Норак ҳал мешавад. Рузномаи Военно-Промишленний Курйери Русия аз пешрафт дар ҳалли мушкил хабар додааст.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Максим Пешков дар мусоҳиба бо ин нашрия гуфтааст, бо вуҷуди кучидани фирқаи 201 ба шаҳраки Гипрозем, бархе аз ниҳодҳои пойгоҳи оянда дар маркази Душанбе боқӣ хоҳанд монд. Рузи душанбе, 16 феврал, баррасии тарафи дигари ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистон шуруъ шуд. Коршиносони ҳарбии Русия таҳти сарварии муовини Хадамоти марзбонии Русия, генерал-лейтенант Александр Манилов, вориди пойтахти Тоҷикистон шудаанд, то матни нави созишномаи марбут ба неруҳои марзбони Русия дар Тоҷикистонро таҳия кунанд.

XS
SM
MD
LG