Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбонии минаи марзбонони узбак ёфт шуд



Маъсум Имомов



Ҷасади як сокини Исфара Тошпулод Аҳмадов, ки дар мина бархурда ҷон додааст, ахиран дар хатти марзи Тоҷикистону Узбакистон ёфт шуд. Шахсияти қурбонии минаи марзбонони узбак, ки охирҳои соли 2001 ба қасди сафари Узбакистон манзилашро тарк карда буд ва бедарак ҳисобида мешудааст, аз руи пораҳои либосаш муайян карда шудааст.

Тайи якуним моҳи соли равон ин маротибаи дуввум аст, ки дар манотиқи шимолии ҳаммарзи Тоҷикистон бо Узбакистон ҷасади қурбониёни минаҳои марзбонони узбак ёфт мешаванд. Ибтидои моҳи январ як сокини ҷамоаи Пулуки ноҳияи Ашт Элмир Пардаев ҳангоми чаронидани чорвои хеш ба мина бархурда, ҷони худро аз даст дода буд.

Бино ба иттилои расмӣ, тули соли 2003 дар манотиқи бо Узбакистон ҳаммарзи вилояти Суғд минаҳои марзии Узбакистон чаҳор нафар кушта ва панҷ захмӣ бар ҷой гузошт. Дар байни қурбониён як наврас ва дар байни захмиён се хурдсол ҳаст. Аз теъдоди умумии куштаву нобудшудагони суғдӣ дар соли гузашта ҳафт нафар сокинони Исфара мебошанд.

Ба иттилоъи маркази хабариву таҳлилии ҳукумати вилояти Суғд аз соли 2000-ум инҷониб бар асари таркиши минаҳои марзбонони узбак ҳадди аққал 64 сокини ин вилоят кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG