Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Олими маъруф Шокир Мухтор даргузашт



Ҳумоюни Шаҳриёр



Машҳуртарин олими фаронсавидони тоҷик ин дунёро тарк кард. Шокир Мухтор - мудири кафедраи забони фаронсавии Донишгоҳи омузгории Тоҷикистон рузи понздаҳуми феврал дар беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе, дар синни панҷоҳу ҳаштсолагӣ аз олам даргузашт. Пизишкон гуфтанд, Шокир Мухтор мубтало ба саратони шуш буд ва ранҷи давомдор аз ин беморӣ боиси марги муҳаққиқи тавонои соҳаи забон ва адабиёти Фаронса шуд.

Чанд руз қабл дар сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ба профессор Шокир Мухтор ордени Нахли Академики супурда шуд. Олими тоҷик ба ин ҷоиза барои пажуҳишҳои муҳимаш доир ба равобити адабиву фарҳангии форсу тоҷик ва Фаронса ноил гаштааст. Аммо ҳамагӣ пас аз чанд рузи соҳибҷоиза гаштан, вазъи сиҳҳатии олим бад мегардад ва уро ба беморхона мебаранд, ки баъдан дар он ҷо вафот мекунад.

Дуст ва ҳамкори олими марҳум, декани факултаи филологияи романи-германии донишгоҳи омузгории Тоҷикистон Хайрулло Сайфуллоев мегуяд: "Шокир Мухтор ҳамчун олим, мураббӣ ва ҳамчун инсони комил дар Донишгоҳи омузгорӣ хидмати зиёде кардааст ва осори у на танҳо дар ҷумҳури балки берун аз он ҳам баҳои баланд гирифтаанд. Ба қалами Шокир Мухтор зиёда аз сесад мақола, бисту ду асари илмӣ ва китоби дарси мансуб буда, таҳти роҳбарии у якчанд нафар рисолаи номзади дифоъ кардаанд. Осори илмии Шокир Мухтор дар Ирон, Русия, Фаронса ва Узбакистон нашр гардидааст."

Шокир Мухтор, муаллифи нахустин луғати тоҷики фаронсави аст, ки он ҳудуди 25 ҳазор калимаро дар бар гирифта соли 2003 дар Порис ба табъ расидааст. Шокир Мухтор аз сермаҳсултарин ғарбшиносони тоҷик маҳсуб мегардад. "Ситораҳои бурҷи Эйфел", "Адабиёти тоҷик дар Фаронса", "Фаронса "Гулистон" мехонад", "Таърихи рушди эроншиносӣ дар Фаронса", "Адабиёти замони Сомониён дар Фаронса", "Шуҳрати Румӣ дар Фаронса" ва осори дигари олим гувоҳи заҳматҳояш мебошад. Шокир Мухтор тамоми умр таъсири адабиёти форсу тоҷик ба адабиёти Фаронсаро таҳқиқ кардааст. У ҳамчунин асарҳои зиёдеро аз фаронсавӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Шогирди у Шарофат Мамаданбарова марги уро барои илми Тоҷикистон талафоти бузурге арзёбӣ мекунад: "Шокир Мухтор ҳисси баланди миллӣ дошт. Ва ин ҳис уро водор намуд, ки фарҳанги форсу тоҷикро дар миқёси шарқшиносии ғарб амиқ омузад."

Ҷанозаи олими фақид рузи якшанбе, 15 феврал доир гардид ва уро дар гуристони маҳаллаи Сариосиёи пойтахт ба хок супурданд.

XS
SM
MD
LG