Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбози ҷинояткор 16 сол зиндонӣ шуд



Абдуқайюми Қайюмзод



Давлатшоҳ Ворисов, афсари пешини вазорати дифои Тоҷикистон, бо ҳукми додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе ба 16 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Зайдулло Собиров - додраси додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе - 14 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, Давлатшоҳ Ворисов дар содир кардани як қатор ҷиноёти сангин ба мисли роҳзанӣ, тассаруфи амволи ғайр бо истифодаи силоҳ, таҷовуз ба ҳаёти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суйистифода аз мақоми хидматӣ гунаҳгор дониста шудааст.

Зайдуло Собиров - қозии додгоҳи низомии гарнизони Душанбе - гуфт, Давлатшоҳ Ворисов бар асоси санади низомии Созишномаи умумии сулҳ ва бо фармони вазири дифои Тоҷикистон, аз сентябри соли 1999 ҳамчун размандаи Иттиҳоди нируҳои мухолифини собиқи тоҷик сабти ном шуда, аз моҳи июли ҳамон сол ба феҳристи ҳайъати шахсии қисми ҳарбии 4100 8Б дохил ва ҳамзамон тибқи ҳамин фармон ба вазифаи инструктори гуруҳи муҳофизони муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон Ғайратшоҳ Адҳамов таъйин мешавад.

Аз ҷумлаи ҷиноёте, ки Давлатшоҳ Ворисов содир кардааст, ин будааст, ки дар пайи ғорати як бозорнишини пойтахт аз суи вай дар моҳи октябри соли 1999 миёни гуруҳи фаврии вазорати умури дохила ва афроди зери назари Давлатшоҳ Ворисов дар назди ҳавлии муовини аввали вазири дифоъ бархурди мусалаҳона сурат мегирад. Дар натиҷаи тирпарронӣ миёни муҳофизони муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон Ғайратшоҳ Адҳамов, як тан аз ходимони милиса кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ мешаванд. Аммо ҳарчанд Давлатшоҳ Ворисов мавриди таъқиби нируҳои амниятӣ қарор дошт то моҳи августи соли 2003, яъне то замони боздошташ аз суи мақомоти интизомии кишвар вай ба ҳайси ронандаи шахсии муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон фаъолият мекардааст.

Зайдуло Собиров қозии додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе гуфт, ҳукми додгоҳ пас аз хатми муҳлати шикояти мутаҳҳам ва муҳокимаи ҳайъати баррасикунанда дар Додгоҳи Олӣ мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG