Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додситонӣ ба номаи раиси ҲНИТ посух додааст



Абдуқайюми Қайюмзод



Додситонии кулли Тоҷикистон бо дастури президент Эмомалӣ Раҳмонов ба номаи Сайид Абдуллои Нурӣ - раиси Ҳизби Наҳзати Ислом дар мавриди ба 16 соли зиндон маҳкум шудани ноиби пешини раиси ин ҳизб Шамсиддин Шамсиддинов посух додааст. Сайид Абдуллои Нурӣ ҳукми Додгоҳи олиро нисбати Шамсиддин Шамсиддинов муғризона хонда ва тибқи номае хостори мудохилаи раиси ҷумҳур дар амри бознигарии парвандаи маҳкумияти Шамсиддинов шуд.

Аммо дар номаи додситонӣ бори дигар таъкид мешавад, Шамсиддинов дар раҳбарии гуруҳи ҷиноие қарор дошт, ки бо дастур ва сармояи кишварҳои хориҷӣ тули солҳои 1993 ва 2001 даст ба куштори афсарони рус ва чеҳраҳои маъруфи кишвар задааст.

Дар номаи додситонии кулли кишвар гуфта мешавад, Шамсиддин Шамсиддинов - тули ин солҳо бо номҳои мустаори Иброҳим ва Ҳунаромӯз бо намояндагони хадамоти ҷосусии давлатҳои хориҷа дар робитаи доимӣ буд ва бо мусоидати онҳо дар шаҳри Уши Қирғизистон як мактаби таъқибу муроқобатро созмон додааст.

Бобоҷон Бобохонов- додситони кулли кишвар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ширкат дар содир кардани ҷиноёти созмонёфта, иттиҳоди ҷиноӣ ба дараҷаи ҷиноятҳои давомдор мансубият дорад, қавонини кишвар авфи онҳоро имконпазир намешуморад: "Мо ба номаи Сайид Абдуллои Нурӣ посухи хаттӣ додем, вале ҷузъиёти онро намегуем, зеро ягон давлатро ба худ зид карданӣ нестем."

Аммо Сайид Абдуллои Нурӣ - раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон дар нашрияи "Наҷот" аз номаи додситони кулл изҳори норозигӣ карда гуфтааст, ки ин посух ба қоидаи муоширати расмии эътирофшудаи байни созмонҳои ҷамъиятию давлатӣ созгор намебошад. Зеро у аз раиси ҷумҳур хостори мудохила ба қазияи Шамсиддин Шамсиддинов муовини пешини раиси Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон шудааст, на аз додситони кулл. Ин ҳам дар ҳолест, ки гуфтааст оқои Нурӣ, ба маҳзи бозрасии муғризонаи додситонӣ муовини вай ба зиндон кашонида шудааст.

XS
SM
MD
LG